Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Монополияи давлат: генерал ва вакили тоҷик хостори манъи воридоти дору аз сӯи тоҷирон шуд

1549
Генерал Анвар Тағоймуродов, вакили феълии парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки воридоти доруворӣ аз ҷониби бахши хусусӣ манъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тағоймуродов, ки дар гузашта дар мақомҳои баланди ВУД Тоҷикистон кор кардааст, барои ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани доруҳои ғайристандартӣ ба бозори кишвар, зарур донист, ки ба воридоти дору танҳо ниҳодҳои давлатӣ машғул шаванд.  

“Бо мақсади пешгирии ворид намудани дорувории ғайристандартӣ ва муҳлати истифодааш гузашта хуб мебуд ворид намудани доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ аз ҷониби сектори хусусӣ манъ карда, ба зиммаи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ гузошта шавад. Баъд дар дохили ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ба сектори хусусӣ пешниҳод ва тақсим карда шавад”, - изҳор дошт Тағоймуродов зимни ҷаласаи ахири парлумон.

Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки феълан дар кишвар 265 ширкат ба воридоти доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ машғул мебошанд.

“Аз ҷумла, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 106 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, тибқи иҷозатнома, маводи доруворӣ ворид намудааст”, - афзуд Олимзода.

Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зарур хондааст, ширкате, ки соҳиби иҷозатнома аст, бояд тамоми масъулият ба зиммаи он гузошта шавад.

Насим Олимзода инчунин изҳор доштааст, ки бозори дору дар кишвар озод аст ва феълан теъдоди дорухонаҳо дар Тоҷикистон ба 2450 адад баробар мебошад.

1549