Диетолог Анастасия Колпакова

Колпакова: пеш аз Соли нав вазни зиёдатиро танҳо истеъмоли дуруст аз байн мебарад

69
(Таҷдидшуда 14:25 29.12.2018)
Барои дар арафаи Соли нав шакли қомати худро зебо кардан, истеъмоли дурусти хӯрок ёрӣ мерасонад, тасдиқ кардааст мутахасис оид ба парҳезкорӣ (диетолог) Анастасия Колпакова

“Каме қомати худро зебо кардан ва партофтани 2-3 килограмм вазни зиёдатӣ имкон дорад, аммо парҳези аз имкон зиёд, гуруснанишинӣ, рӯзҳои алоҳидаи гурснанишинӣ лозим нест, танҳо тарзи дурусти истеъмоли хӯрок натиҷабахш аст”, - гуфт коршиноси соҳа.

Диетолог Анастасия Колпакова о том, как похудеть к Новому году

Колпакова тавсия медиҳад, ки аз гӯштҳои чарбудор ва хӯрокҳои бирён бояд парҳез кард.

“Беҳтараш хӯрокро дам карда ва ё ҷӯшонда пухтан лозим”, - қайд кардааст ӯ.

Ғайр аз ин бояд аз хӯроки шом ва шириниҳо дурӣ ҷуст.

Суҳбати муфассали коршиносро дар бораи он, ки чигуна бояд вазни зиёдатиро партофт, метавонед дар саҳифаи Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

69
Барчаспҳо:
ҳаҷми хӯрок, гуруснанишинии дубора, Соли нав, Русия
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

267
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

267
Люди в масках в городе

Вазорат: 851 нафар гирифтори коронавирусанд, 10 ҳазор шифо ёфтанд

362
(Таҷдидшуда 19:21 27.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 октябр 10860 ҳолатро ташкил дод.

"Дар як шабонарӯзи охир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10009 (92,1%)  баробар гардид", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон ҷамъан аз маризии COVID- 19 81 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

362
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

0
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

0