Открытие Лечебно-реабилитационного комплекса №2 в Санкт-Петербурге

Дар Тоҷикистон 77 шаҳрванди хориҷиро ҷарроҳӣ карданд

89
(Таҷдидшуда 12:54 15.01.2019)
Дар Тоҷикистон дар соли гузашта 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Озарбойҷон, Қирғизистон, Исроил ва дигар кишварҳои мухталиф дар муассисаҳои тиббии кишвар амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Давоми соли 2018  Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

“Ҳамзамон, барои коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, манбаъ зикр аст, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 27 нафар аз Озарбойҷон, 21 нафар аз Қирғизистон, 16 нафар аз Исроил ва боқимонда аз кишварҳои мухталиф  мебошанд.

Соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии “Ибни Сино” ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”, дар маҷмӯъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронида шуд.

89