Сомони в конверте, архивное фото

Вазорати тандурустӣ ба беш аз 82 ҳазор оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ додааст

129
(Таҷдидшуда 17:59 10.02.2019)
Вазорати тандурустӣ таъкид намудааст, ки ба беш аз 82 ҳазор оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ пардохти ҷубронпулӣ додааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 21 884 429  сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пардохт гардид.

Ба гуфтаи вай, тибқи дархостҳои комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар давоми соли 2018 дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди онҳо барои оилаҳои камбизоат пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ гардидааст, ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 21 884 429  сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пардохт гардид.

Инчунин, ба зиёда аз 106 ҳазор хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 2 миллиону 095 ҳазору 580 сомонӣ кӯмакпулӣ таъин ва пардохт карда шудааст.

Насим Олимзода ҳамзамон зикр кард, ки дар доираи барномаи  таҷрибавии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба зиёда аз 94 ҳазор камбизоат низ кӯмакпулии иҷтимоӣ  пардохта шудааст.

129
Барчаспҳо:
кӯмак ба камбизоатҳо, ба аҳолии камбизоат, оилаҳои камбизоат, вазир, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон, кумаки молӣ, кумак ба ҳамватан
Сотрудники милиции проверяют температуру у посетителей рынка

Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

504
(Таҷдидшуда 20:02 15.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 52 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 15 июл ба 6 ҳазору 695 нафар расид.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 5ҳазору 383 нафар ё худ 80,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд"-омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

504
Барчаспҳо:
фавт, таманнои шифои комил, Тоҷикистон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

2114
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.

"Давоми шабонарӯзи охир 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

2114
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон, омор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Чрезвычайный и Полномочный псол Таджикистана Сатторов Имомуддин

Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

0
(Таҷдидшуда 01:23 16.07.2020)
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вазъи муҳоҷирини дар сарҳади Қазоқистон бандмонда ва онҳое, ки хоҳиши ба ватан бозгаштро доранд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазъи муҳоҷирон дар марз ва парвозҳои содиротӣ дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон аз ҷониби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дода шуд.

Як қатор парвозҳои содиротӣ ва хабарҳо дар бораи барқарор шудани парвозҳои байнулмилалӣ аз ҷониби Русия дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон боиси изтироб шуданд.

Сафир хоҳиши шаҳрвандон барои тарки Русия карданро шарҳ дода гуфт, маълумотҳо дар ВАО паҳн мешавад, ки мавҷи дуввуми коронавирус ба амал меояд: табиист, ки мардум метарсанд.

"Бале, ин вирус вуҷуд дорад ва он ояндаи наздик нест нахоҳад шуд. Мо бояд бо он зиндагӣ кунем" - илова кард Сатторов.

Сафир дар бораи гирифтории кормандони сафорат ба CVID-19

Дипломат инчунин  хабарҳо дар бораи гирифтор шудани кормандони сафоратхона ба коронавирусро шарҳ дод.

"Ин метавонад бо ҳама гуна шахс, аз ҷумла кормандони сафорат рух диҳад. Ҳеҷ гуна хатар вуҷуд надорад, чораҳои эҳтиётӣ андешида шудаанд: сафорат дар ҳолати қаблии корӣ кор мекунад, одамонро қабул мекунад, таҳдиди боздоштан ё пӯшида нест. Мо пурра кор карда истодаем ва кор хоҳем кард." - илова намуд Сатторов.

Дипломат аз ҳамватанон даъват кард, ки ба таври оммавӣ Русияро тарк накунанд ва дар сарҳад ҷамъ наоянд.

Ҳамзамон, Сатторов бори дигар муҳоҷиринро аз қаллобон огоҳ кард, ки дар паси шунидани кушодани сарҳадҳо ба таври назаррас фаъол шудаанд.

"Мо борҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ кардаем, ки дар ин ҷо одамон ё ширкатҳое ҳастанд, ки бо интиқоли одамон ба сарҳад машғуланд. Мо огоҳ карда будем, ки вазъ дар Қазоқистон хеле мушкил аст, аз роҳи заминӣ Русияро тарка кардан ғайриимкон аст" гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия ва қайд кард, ки вазъ бо ҷамъшавии муҳоҷирон дар вилояти Самара бисёр саволҳоро ба бор меорад.

Вай илова намуд, ки чунин интиқолдиҳандагон, қаллобон ва нафароне, ки ҳуҷҷат омода мекунанд, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбаташон чораҷӯйӣ шавад.

Ҳаракати нақлиётӣ миёни Русия ва Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

Сафир инчунин издиҳоми муҳоҷирон дар назди бинои сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод.

"Набояд дар маркази Маскав, дар назди бинои сафорат мардум  ҷамъ шавад ва набояд ба корманди сафорат ҳамла шавад. Фаъолияти мӯътадили намояндагии дипломатӣ ба кишвари қабулкунанда вобаста аст. На танҳо муҳофизати сафорат, балки пешгирии чунин қонуншиканӣ низ зарур аст", - афзуд Сатторов.

Вай афзуд, ки сафоратхонаҳо барои ҳалли баъзе масъалаҳо салоҳияти зарурӣ надоранд.

Сафири Тоҷикистон зикр кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар Русия мӯътадил аст ва вазифаи асосии ҳоло ин ором кардани мардум, фаҳмондани он аст, ки ҳама фаъолият тадриҷан ба роҳ монда мешавад.

Оғози гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия барои барқарорсозии парвозҳо

"Тоҷикистон ва Русия музокиротро дар бораи барқарор кардани хадамоти ҳавоӣ оғоз кардаанд. Аммо ба ҳар ҳол мо бояд механизмҳоеро таҳия намоем, ки инро дар шароити хатари паҳншавии коронавирус чӣ гуна анҷом додан мумкин аст ", илова намуд Сатторов.
Ҳамчун намуна, дипломат шарҳ дод, ки пеш аз парвозҳои махсус аз Русия озмоишҳои фаврии мусофирон барои коронавирус гузаронида мешаванд.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

"Сарҳадҳо то абад баста намешаванд. Аз ин иқтисодиёту дигар соҳаҳо зарар мебинад ва одамон азият мекашанд"-гуфт сафир.

Дипломат гуфт, ки шумораи муроҷиатҳо ба сафорат якбора кам шудааст: парвозҳои ҳамарӯза аз Русия ба Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

"Ҳоло дигар воҳима нест, мо аксари ниёзмандонро баровардем," -илова карда сафири Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамзамон, дар бораи одамоне, ки мехоҳанд аз ватан ба Русия баргарданд, набояд фаромӯш кард: онҳо низ дар хориҷа оила ва хешовандони худро доранд, ҳатто агар онҳо зодаи Тоҷикистон бошанд, хулоса кард Имомуддин Сатторов.

0