Доктор работает за компьютером, архивное фото

Мутахасисон: шаш нишонаи гирифторшавии мардон ба бемории саратонро муайян карданд  

435
(Таҷдидшуда 18:47 10.02.2019)
Табибони саратоншинос шарҳ додаанд, ки кадом нишонаҳо метавонанд сари вақт дар муайян кардани бемории саратон дар вуҷуди мардон кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Саратоншиносон шаш нишонаеро муайян кардаанд, ки бо вуҷуд доштани онҳо мардон метавонанд пеш аз хуруҷи бемории саратон ба духтур муроҷиат кунанд, навиштааст “Российская газета”.

Дар ин ҳол агар сари вақт ба духтур муроҷиат кунӣ метавон сари вақт ин бемориро пегирӣ намоӣ шарҳ додаанд мутахасисон.

Масалан, аз ҳама нишонаҳои хатарнок ин сулфаи бисёри беасос, яъне ба шамолхурӣ алоқаманд набуда ва бесабаб партофтани вазни зиёд мебошанд. Дар ин ҳолат бояд ба духтур муроҷиат кард.

Нишонаҳои пайдоиши саратони бадсифат (злокачество) ин варамӣ ва ё захм дар қафаси сина ва облаҳои хурди хоранда ва оббароранда дар бадани инсон мебошанд.

Ғайр аз ин нишонаҳои дигари пайдошавии рак ҳангоми пешоб эҳсос кардани дард дар рагҳои хичик, баромадани моеъҳои хунолуд аз олоти ҷинсӣ ва калоншавии ҳаҷми тухмҳои мардона мебошанд.

Дар ҳолати мавҷудияти яке аз ин нишонаҳо ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

 

435
Барчаспҳо:
нишона, пешгирикунанда, олимон, саратон, беморӣ