Дорухона, акс аз бойгонӣ

Санҷиши 746 дорухонаю 31,7 ҳазор дору

116
(Таҷдидшуда 17:56 11.02.2019)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз санҷиши 746 дорухонаю 31 ҳазору 707 доруро санҷидаст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, 746 муассисаи фарматсевтӣ ва 496 муассисаи табобатию профилактикӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи санҷишҳо 5721 номгӯи доруворӣ, аз ҷумла 1448 номгӯи маводи дорувории мӯҳлаташон гузашта, 4215 дорувории бе сертификати мутобиқат, 54 номгӯи молҳои тиббии ғайримеъёрӣ аз муомилот гирифта шудаанд.

Манбаъ афзуд, сифати 31707 адад намунаҳои доруҳоро санҷида, 674 ададашон бинобар ҷавобгӯй набудан мусодира шуданд.

“Аз онҳо 315 намунаашон дар вақти воридот, 7 намунаи онҳо аз истеҳсоли дохилӣ ва 252 намунаашон аз муомилот ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта шуда буданд”, -  таъкид кард Вазорат.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои расмӣ соли гузашта 160 ҳазору 269 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиении қалбакию пастсифат мусодира ва нест карда шуданд.

116
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

281
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

281
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2888
(Таҷдидшуда 14:06 13.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмим гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2888
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

0
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

0