Вазорати тандурустӣ роҳбару мутахассис меҷӯяд: маош то 2,4 ҳазор сомонӣ

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото
Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ, ки аз 846 то 2392 сомонӣ маош доранд, озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорат аз ҷумла барои ишғоли мақоми сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила озмун эълон кардааст, ки маоши он 2392,20 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан дар ин мақом Шералӣ Раҳматуллоев, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон кор мекард.

Ифтитоҳи толори нави қабули меҳмонони расмӣ дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат раиси фурудгоҳи Душанберо аз ҳайати мушовара хориҷ кард

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон инчунин довталабони мақоми сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалиро, ки 2392,20 сомонӣ маош дорад, ба озмун даъват кардааст.

Ин ниҳод инчунин барои ишғоли мақоми сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ бо маоши 1260,0 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 1260,0 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир бо маоши 1260,0 сомонӣ озмун эълон кардааст.

Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таблиғот барои ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад

Инчунин мақоми сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ - маош 1690,20 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ - маош 1260,0 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ - маош 1026,0 сомонӣ ва мақоми мутахассиси шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ - маош 846,0 сомонӣ интизори довталабҳо мебошанд.

Вазорати тандурустӣ санаи 22 феврал бо нашри ин эълон таъкид кард, ки  довталабони мансабҳои мазкур бояд давоми 21 рӯзи баъди нашри эълон ҳуҷҷатҳояшонро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд.

“Суроғаи мо, шаҳри Душанбе, кӯчаи  Шевченко 69, телефонҳо барои тамос 221-19-59”, - таъкид шудааст дар эълони Вазорат.

Лентаи хабарҳо
0