Студенты Государственного медицинского университета имени Абуали Ибн Сино / Пресс-служба Президента Республики Таджикистан

Табибон: рисолаи илмӣ ҳимоя кунеду мукофотпулӣ гиред

125
Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бо мақсади рушди илми тиб, ҷалб намудани табибони ба корҳои илмӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо ҳамасола ба табибоне, ки панҷ соли охир дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон фаъолият намуда, рисолаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои тибро соҳиб мегарданд, мукофотпулиҳо дода мешаванд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки дар ин  бора  раиси  вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода   қарори  махсус ба имзо расонидааст.  

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ  10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон  тибқи  қарори  раиси  вилояти Хатлон  ҳамасола то 1 декабр озмунҳои вилоятии “Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, “Беҳтарин табиби сол”, “Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” ва “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят” гузаронида мешаванд.

Маблағи мукофотпулии озмунҳои вилоятии “Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, “Беҳтарин табиби сол”, “Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” ва “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят” ба ҳар як озмун 5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 20  ҳазор сомонӣ пешбинӣ  шудааст.

125
Барчаспҳо:
корҳои илмӣ, Шӯрои дифоъи рисолаҳои илмӣ, тиббӣ, Тоҷикистон