В аптеке в Душанбе. Архивное фото

Дар Хатлон ду ҳазору 850 кило доруҳои муҳлатгузашта ошкор ва нобуд карда шуд

126
Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 2 ҳазору 850 кило маводи дорувории муҳлаташон гузашта ва ба талабот ҷавобгӯ набударо аз муомилот гирифта, несту нобуд кардааст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 179 номгӯй молҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, инчунин бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда дар ҳаҷми 2 ҳазору 850 кило аз муомилот  гирифта,  тариқи сӯзонидан несту нобуд  карданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии тоҷикистон хабар додааст.

Дорухона, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Рамиль Ситдиков

Бино бар иттилои манбаъ, соли 2018 мутахассисони Сарраёсати мазкур дар вилояти Хатлон тибқи 64 қарор, супоришнома ва фармоиш фаъолияти 48 муассисаи фармасевтӣ, тибқи 7 қарор ва фармоиш фаъолияти 7 муассисаи табобатию профилактикиро мавриди санҷиш қарор доданд.

“Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда нисбати 24 нафар шахсони масъул парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуд”,- таъкид намуд манбаъ.

Вазорати тандурусти зикр кардааст, ки Сарраёсати мазкур дар вилояти Хатлон соли гузашта 6 ҳазору 792 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгуй набуда  сӯзонида  нобуд  кардааст.

Тибқи таҳлилҳои манбаъ, сол то сол сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар вилояти Хатлон  баланд шуда, маводи доруворӣ, ороишию гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, дар асоси санад барои безарар ва несту нобуд кардан ба Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти  мазкур  месупоранд.

126
Барчаспҳо:
нобуд кардан, нобуд, Хатлон, доруфурӯшӣ, дорусозӣ, дору, Тоҷикистон