Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото

Вазорати тандурустӣ бо Бунёди “Мериё”-и Фаронса созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

134
(Таҷдидшуда 18:29 08.03.2019)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Бунёди “Мериё”-и Фаронса созишномаи ҳамкорро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Бенуа Мерибел, директори  генералии Фонди “Мериё”-и Фаронса мулоқот  намуд.

Зимни мулоқот Олимзода Насим Хоҷа таъкид намуд, ки сол то сол ҳамкории Тоҷикистон бо кишвари Фаронса дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ҷтимоии аҳолӣ ривоҷ меёбад, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти ду кишвар ба соҳаи мазкур дарак медиҳад.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар фарҷоми вохурӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди “Мериё” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо аз вохурии баргузоргардида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Созишномаи ҳамкории Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бунёди “Мериё” барои мустаҳкам намудани иқтидори Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки саҳми мутахассисони фаронсавӣ ҷиҳати омузонидани мутахассисони тоҷик барои истифодаи технологияи муосир  ва  усуслҳои  нави  ташхис  хеле назаррас мебошад.

134
Барчаспҳо:
созишномаи ҳамкорӣ, созишнома, соҳаи тандурустӣ, Фаронса, Тоҷикистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

428
(Таҷдидшуда 19:51 03.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид.

"То санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват дорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

428
Барчаспҳо:
омор, тандурустӣ, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ

Рошал COVID - 19 - ро омодагӣ ба ҷанги биологӣ гуфт

315
(Таҷдидшуда 14:02 03.08.2020)
Ҷарроҳи номӣ, доктори илмҳои тиб Леонид Рошал изҳор дошт, ки COVID - 19 ин санҷиши ҳифзи биологии давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти Донишкадаи пажӯҳиши илмии ҷарроҳии кӯдакона ва шикастабандӣ, доктори илмҳои тибб Леонид Рошал ҳамагирии COVID - 19 - ро бо омодагӣ барои ҷанги биологӣ муқоиса кард.

Рошал қайд кард, ки на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои мубориза бо вабо омода буданд.

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

Ӯ қайд кард, ки вирус ҳудуд намешиносад ва миқёси эпидемияро пешгӯӣ карда намешавад, аз ҷумла ба сабаби рафтори мардум ва риоя нашудани қоидаҳо.

Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

"Вақте ман ин ҳодисаро таҳлил мекунам, мефаҳмам, ки ин омодагӣ барои ҷанги биологӣ аст. Ман намегӯям, ки ин вирус дастсохт аст: барои чунин изҳорот асоси кофӣ нест, зиёда аз ин ман вирусшинос нестам. Вале ин сашҷиши соҳаи тибб ва ҳифзи биологии кишвар аст", - қайд кард Рошал.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки низоми ҳифзи биологии ИҶШС дар сатҳи олӣ сохта шуда буд, вале феълан он коста гардидааст.

Пизишки қалб ду иштибоҳи ҷиддӣ ҳангоми коронавирусро ном бурд

Ёдрас мешавем, ки дар замони ҳамагирии коронавирус дар Русия 850 ҳазор кас мубталои ин маризӣ шуд, аз он 650 ҳазор тан шифо ёфт ва 14, 128 кас ҷон бохт.

315
Барчаспҳо:
Русия, омодагӣ, тандурустӣ, пешгӯӣ, духтурон, ҷарроҳӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

0
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

0
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав