Даромадгоҳи Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд

Хатарнок ё камдаромад: аз афзоиши силу коҳиши силшинос то иқдоми Ҳукумат барои ислоҳи вазъ

829
Силшиносони Суғд аз афзоиши бемории сил иттилоъ дода, таъкид мекунанд, ки норасоии мутахассисони соҳа кӯшиши поксозии ҷомеа аз ин бемориро камсамар мегардонад

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik, Қамари Аҳрор. Фароғат Шодиева, номи шартан ивазшудаи сокини ноҳияи Зафаробод аст, ки 10 рӯз инҷониб дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил и  вилояти Суғд, воқеъ  дар шаҳраки Деҳмойи ноҳияи  ба номи Ҷаббор Расулов табобат мегирад.

Ӯ мегӯяд, хуруҷи беморӣ фишорашро ба ҳадде боло бурд, ки ба дунболи он нафаскашӣ барояш душвор гардид. Вақте маҷоли тоқат кардани ин вазъ барои Фароғат зиёд азиятовар шуд, табибони маҳаллӣ ӯро аз ноҳияи Зафаробод ба беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол доданд. Ҳоло бо гузашти беш аз як ҳафта Фароғат ба худ омода, сиҳатияш ҳам беҳбуд ёфтааст.  

“Дар ноҳияи Зафаробод 12 рӯз табобат гирифтам беҳ нашудам. Бо вуҷуди он, ки оби ғуншуда аз шушамро берун кашиданд, ҳарорати баданам ҳеҷ паст нашуд, сарам ҳамеша чарх мезад ва ба мушкили диққи нафас гирифтор шудам. Духтурони маҳаллӣ маро ба беморхонаи вилоятӣ тавсия доданд.Дар ин ҷо воксини муайянкунандаи ташхис (Манту)  заданд ва се рӯз баъд,  иззи он сурх шуд. Маълум шуд, ки микроби бемории сил дар ман хуруҷ кардааст. Тибқи ташхис духтурон бароям дармон таъин карданд. Ҳоло инак 10 рӯз аст, ки ин ҷо табобат мегирам, ҳароратам муътадил ва нафашкашиам хуб шудааст ва худамро ҳоло хуб ҳис мекунам”, - изҳор дошт бемор.

Фароғат дар ҳоле аз ваҳим шудани саломатиаш дар ноҳияи Зафаробод иброз намуд, ки зимнан дар ин ноҳия мизони гирифторони  сил 207 бемор ба 100  000 аҳолӣ рост меояд. Бар пояи омори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд, ноҳияи Зафаробод бо доштани чунин нишондод дар қатори шаҳру ноҳияҳои осебпазири гирифторшавии аҳолӣ ба бемории сил дар ҷои аввал қарор дорад.

Бобур Отамуродов, муовини сардухтури маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд
Қамари Аҳрор
Бобур Отамуродов, муовини сардухтури Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд

Бобур Отамуродов, муовини сардухтури маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯяд, меъёри муътадил барои вилояти Суғд 113 нафар бемор ба 100 000 аҳолӣ аст. Аммо рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Суғд  ҳодисаҳои сироятёбии аҳолӣ аз бемории сил  ба маротиб аз меъёр  зиёд аст.

"Дар ноҳияи Зафаробод ба  100  000 аҳолӣ, 207 нафар, дар ноҳияи Б. Ғафуров 127 нафар бемор, шаҳри Бӯстон  138 бемор, ноҳияи Масчоҳ ба 100 000 аҳолӣ  176 нафар бемор  рост меояд, ки албатта ин вазъ ташвишовар мебошад”, - иброз намуд Бубур Отамуродов.  

Ба иттилои Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд, то поёни соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 1158 ҳодисаи  нави гирифтории сокинон ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар мебошад. Аз шумори умумии беморон, 1032 нафар навъи бемории ҳассоси сил, 129 нафар шакли мутобиқгашта ва бемории 24 нафари дигар шакли васеъи мутобиқгаштаи сил гуфта мешавад.

Бобур Отамуродов, муовини Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯяд, бемории сил табобатшаванда аст ва ҳар кадоми ин беморӣ вақт ва табобати хосро тақозо менамояд, то нафари сироятёфта дубора ба зиндагии бидуни сил баргардад.

Бино ба гуфти ӯ, тибқи меъёр табобати навъи ҳассоси бемории сил  аз  6 то  8 моҳ давом карда ва барои давои он то 250 доллари амрикоӣ масраф карда мешавад. Барои табобати шакли мутобиқгаштаи беморӣ 18 - 24 моҳ вақт лозим буда, ҳудуди  1500 доллар масраф карда мешавад. Инчунин барои шакли мутобиқгаштаи васеи бемории сил 18 - 30 моҳи табобат лозим буда, аз 12 то 18 ҳазор доллари амрикоӣ  тақозо мешавад. Ташхис ва табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул буда,  ин маблағҳо аз ҳисоби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши аъзами он аз ҳисоби Лоиҳаи ХОУП ва барномаи ЮСАИД  масраф карда мешавад.

Табибони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд мегӯянд, муайян кардани ин теъдоди беморон, натиҷаи кори таҷҳизоти ташхисӣ бо номи Ҷен Экперт аст, ки барои дарёфти саривақтии чӯбчамикроби сил аз маҳлули балғам мусоидат мекунад. Зимнан аз ҷониби Лоиҳаи ХОУП  то соли 2018,  12 адад  Ҷен Экспертҳо ба шаҳру ноҳия вилояти Суғд дастрас карда шудааст. Ҷен Эксперт таҷҳизоти ташхискнунадаи маҳлули балғам буда, дар давоми 24 соат микроби силро маълум менамояд.

Табибони силшинос дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз як тараф муайян намудани ин шумор беморро муваффақияте медонанд, чун ба қавле вилоят аз сил тоза шуд.

Аммо бархеи коршиносони умури силшиносӣ мегӯянд, бо он, ки мушкили норасоии муттахассисони соҳаи силшинос беш аз пеш ба назар мерасад, саривақт дарёфт кардани нафари бемор ва ба ин васила тоза кардани ҷамоату шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон аз бемории сил мушкили то ба ҳол рақами як боқӣ мемонад.

Тошназар Усмонов, табиби собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ дар вилояти Суғд
Қамари Аҳрор
Тошназар Усмонов, табиби собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ дар вилояти Суғд

Тошназар Усмонов, аз табибони собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ мегӯяд, дар замони шӯравӣ онҳо барои дарёфти саривақтии беморон мошинҳои сайёри рентгену флюрографӣ такшил карда, то ба сатҳи ҷамоатҳо сафар карда, марудмро, маҷбур аз ташхис мегузарониданд, то ҳарчи бармаҳал зуҳуроти бемории силро пайдо кунанд. Аммо ҳоло ин гуна ташхисҳои сайёр мутаасифона амал намекунанд ва танҳо нафароне, ки баъди хуруҷи беморӣ бо пои худ ба беморхонаҳо меоянд аз онҳо ташхис гузаронида ва бемор будани онҳо маълум мегардад, мегуяд ӯ.    

 

“Бемории сил гузаранда аст. Як нафари бемор метавонад тавассути суҳбат даҳҳо нафарро сироят кунад. Аз ин хотир назар ба ин, ки ин нафар то ба пои худ омада аз ташхис гузашта, бемориаш маълум шавад, хуб аст, ки саривақт аз ташхис гузарад ва ба табобат фаро гирифта шавад. Дар ин ҳолат чанд нафар аз сироятёби эмин мемонанд ва дараҷаи бемории худи ин нафар хавфнок намегардад”, - изҳор дошт Усмонов.  

Зимнан ба ҳисоби беморхонаи вилоятии зидди сил чаҳор беморхонаи дигари зидди сил дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Масчоҳ ва Исфара фаъолият мекунанд. Замони шӯравӣ шумораи  чунин беморхонаҳо ба даҳ адад баробар  буд ва пайваста амал мекарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” ва  “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 ” ро қабул намудааст.

Камбуди беморхонаҳои зидди сил ва норасоии мутахассисони соҳаи силшиносӣ аз мушкилиҳои умдаи ин соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бобур Отамуродов, муовини маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд иброз медорад, ки дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 40 дарсад табибони соҳаи силшиносӣ намерасанд ва аз норасоии онҳо ҳоло 70 % табибоне, бо табобати бемории сил машғуланд, ки аслан нафақахӯр мебошанд.

Бобур Отамуродов аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мисол овард, ки то охири соли 2018, ҳудуди 10 сол ба ин тараф ягон духтури силшинос амалан кор намекард.  Ё шаҳри Гулистон, ки бо вуҷуди доштани нишондоди баланди иқтисодӣ ҳоло мушкили норасии духтури силшинос дорад.

Дар сатҳи вилояти Суғд аз рӯи таърификатсия ҳамагӣ  92 воҳиди корӣ барои табибони силшинос воҳиди корӣ тахсис шудааст. Дар асл ҳоло ба ҷои 92 нафар, 60 нафар табибони силшинос дар марказҳои зидди сил фаъолият мебаранд, ки боз ҳам синни  46 нафари онҳо аз 50-сола боло мебошад. Зимнан дар марказҳои мубориза зидди сил дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бе ҳисоби табибони нафақахӯр, 32 нафар духтурони силшинос  намерасанд. 

“Дар шаҳру  ноҳияи Б. Ғафуров – 1   силшинос, Зафаробод – 2,  Истаравшан – 1, Исфара – 2, Конибодом – 2 нафар,  К. Мастчоҳ – 1, Гулистон – 1  нафар, Мастчоҳ – 2 нафар,  Панҷакент – 2 , Спитамен – 1 нафар,  Хуҷанд – 1 нафар, Ҷ. Расулов – 1  нафар,   Бӯстон – 1  ва дар муассисаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд – 14 , ҷамъ 32 нафар табибони силшинос намерасанд”, - қайд намуд Бобур Отамуродов

Ӯ сабаби норасоии духтурони силшинос дар вилоятро аз ҳавасмандии кам арзёбӣ мекунад.

Аммо коршиносони дигар таъкид меварзанд, ки бемории сил, ки бемории қишри камбизоатон рақам зада мешавад ва ташхис ва табобат ройгон аст, духтурон намехоҳанд бо 1000 сомонӣ кору фаъолият намоянд.

Толиб Ашӯров, собиқадори соҳаи силшиносӣ, мегӯяд, норасии муттахассисон аз он хотир аст, ки то ҳол маоши силшиносон  1000 сомонӣ аст ва барои табибон дигар даромади иловагӣ вуҷуд надорад, аз ин хотир 1000 сомонӣ ниёзи силшиносони ҷавонро қонеъ намекунад ва онҳо шавқи кор карданро надоранд.

Маркази силшиносии Суғд дар ҳоле аз омори 1158 ҳодисаи нави бемории сил дар соли сипаришудаи 2018 иттилоъ медиҳад, ки омори дақиқ аммо ғайрирасмӣ шумори гирифторони бемории силро бештар аз он рақам мезанад.

Бар пояи иттилои Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд дар соли 2018,  64 нафар беморон бо сабаби дер муайян кардани беморӣ, таъхири табобат ва ё хуруҷи якҷояи сил ва ВНМО фавтидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сар аз моҳи июли соли 2019 маоши табибони соҳаи силшиносии кишварро 100 % зиёд намояд. Ин тағйирот имкон фароҳам хоҳад овард, то оянда баъзе духтурони ҷавон аз рӯи тахассуси худ ба табобати беморони сил машғул шаванд.

829
Зима в Душанбе

Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат

109
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар мамлакат ҳамоно ягон мавриди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.

Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ  бидуни тағйир, такрор меёбанд.

Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.

Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.

"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.

Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.

109
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

131
(Таҷдидшуда 12:29 20.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

131
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

0
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

0
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон