Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Баррасии кумаки аввалияи тиббӣ дар соати парлумонӣ

68
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соати парлумонӣ вазъи кумаки аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандонро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлис, норозигии раисиҷумҳурро аз сифати кумаки аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандон зикр кард, афзуд, ки камбудиҳо бояд ислоҳ гарданд.

“Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад”, - изҳор доштааст Юсуфӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

“Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд”, - таъкид намудааст муовини раиси Маҷлиси намояндагон.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки дар назди вакилон Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан ронда, дар мавриди кумаки аввалияи тиббӣ ба ҳозирин иттилои муфассал дод.

68