Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото

Пас аз интиқоди Раҳмон: вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшедро ба Суғд фиристод

7104
(Таҷдидшуда 14:02 19.05.2019)
Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон, муовинаш Шодихон Ҷамшедро барои санҷиш ба вилояти Суғд фиристод

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ гуфт, эродҳое, ки сарвари давлат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар таъкид намуд, ба Вазорати тандурустӣ низ дахл доранд.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои омӯзиши матни суханронии президент дар дидор бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар нишасти васеъ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.

"Мақсад аз ҷамъомади имрӯзаи мо  ин дарки масъулияти зиёд аз ҷониби ҳар як хизматчии давлатӣ, аз роҳбар то корманди зинаи аввалияи тамоми муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла кормандони сохторҳои молиявию маъмурии корхонаҳо, инчунин, мутасаддиёни агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои вазифавии худ, таъмини низоми босубот, одоби муошират, танзими фаъолияти боадолат, ахлоқи ҳамида ва ҷавобгӯи талаботҳои қонунгузории амалкунанда мебошад",-афзуд ӯ.

Дар ин нишаст таъкид гардидааст, ки вақтҳои охир новобаста аз талошҳои ҳамарӯзаи масъулони соҳа ҳодисаҳои қонунвайронкуниҳо дар тартиби додани варақаҳои корношоямии муваққатӣ ошкор карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои дигари ин ҷаласа қарор дошт, санҷиши ҳолатҳои таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ будааст.

"Ҷиҳати омӯзиши вазъи таъиноти гурӯҳҳои маъюбӣ, пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла нафақапулиҳои маъюбӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед ба вилояти Суғд сафарбар карда шудааст",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ шахсони масъул ҷиҳати таҳлили вазъи ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон сафарбар гардида, масъалаи мазкур дар ҷаласаи махсуси мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода ва Мирҳамуддин Камолзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Умедҷон Юсуф, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо, агентӣ ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

7104