Шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ: теъдоди беморони ҷоғар дар ВМКБ 2 баробар кам шуд

91
(Таҷдидшуда 15:46 06.06.2019)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди мубталоёни бемории ҷоғал дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ду баробар кам шуд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Нуралӣ Додалиев, муовини сардори  Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, феълан дар вилоят 10 ҳазор мубталои бемории ҷоғар ба қайд гирифта шудаанд.

“Назар ба чанд соли пеш теъдоди мубталоёни бемории ҷоғар дар вилоят ду маротиба коҳиш ёфтааст ва алъон ба ин беморӣ 10 ҳазор нафар гирифторанд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ аз қавли Додалиев.

Манбаъ таъкид кардааст, ки истеъмоли намаки бе йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад.

Вазорати тандурустӣ зикр кард, ки барои пешгирии мубталошавӣ ба ин гуна беморӣ соли 2002 қонун “Дар бораи йоднокгардонии намак” қабул гардида буд.

“Пеш аз ин, “Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 1997-2001” дар амал татбиқ  гардид. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи бемории ҷоғар дар вилоят коҳиш ёбад”, - таъкид кардааст Вазорати тандурустӣ.

91
Пост БДА в Хороге, архивное фото

Табибон вазъи Маҳмадбоқиров, аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро шарҳ доданд

550
(Таҷдидшуда 20:38 01.03.2021)
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, феълан дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ зери назорати табибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.

“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.

Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. 

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

550
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин встретился с главой ФМБА России В. Скворцовой

Баҳои Путин ба ваксинҳои Русия: алайҳи ҳамаи навъҳои коронавирус муассиранд

52
(Таҷдидшуда 18:14 01.03.2021)
Владимир Птуин мегӯяд, ваксинҳои сохти Русия нисбати навъҳои нави коронавирус, ки Аврупо аз онҳо дар ташвиш шудааст, муассир мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.

Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод. 

Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.

"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.

Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.

Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст. 

Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.

"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.

Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.

52
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон