ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханронӣ дар ҷаласаи корӣ гуфт, бо вуҷуди пешравиҳои соҳа яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад, вазъи ташвишовари вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре, ки ёрдамчии Президент зикр намудааст, аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур додааст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва барои пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
“Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотрасонии шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад”, - таъкид намудааст ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай инчунин қайд намудаааст, ки Вазорати тандурустӣ бояд якҷо бо Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати ба навор гирифтани роликҳо ва пахши мунтазами онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ тадбир андешад.
Дигар аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ, ки Ёрдамчии Президентро нигарон кардааст, ин вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ будааст.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар натиҷаи таҳлили ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои табобатӣ маълум карда шуд, ки шумораи умумии нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ, ки дар қайди тахассусӣ меистанд, дар се моҳи соли 2019, дар ҷумҳурӣ 5808 нафарро ташкил дода, 64 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад.
Вай таъкид намуд, ки дар ин самт низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, алалхусус байни ҷавонон кам ба назар мерасанд.
“Вазорат бояд якҷо бо кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад”,-афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.
Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.
Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.
Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Кадом сабзавот воқеан барои кам кардани вазн кӯмак мекунад? Ба ин суол коршиноси рус, парҳезшинос Екатерина Бурляева дар мусоҳиба бо "Российская Газета" посух гуфт.
Вай қайд кард, ки таррак, бодинҷон, бодиринг, помидор ва кабудӣ ба зуд сер шудан мусоидат мекунанд, дар ҳамин ҳол дар таркибашон об ва клетчатка зиёд асту калориянокиашон кам мебошад.
Пизишк огоҳӣ медиҳад, ки танҳо аз ин анвои маҳсулот барои харобшавӣ истифода кардан, комилан ғалат аст.
"Дар асл, ҳамаи маҳсулоте, ки барои харобшавӣ таъин карда мешаванд, кӯмаки зиёд намерасонанд. Танҳо ба онҳо такя кардан, хатост", - қайд кард Бурляева.
Бо хароб шудан ва зарар нарасонидан ба саломатӣ, диетолог маслиҳат додааст, ки дар парҳез тавозуни сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳо риоя шавад.
Мутахассис грейпфрут ва занбурӯғҳоро намунаи дурусти хӯроки парҳезӣ номид: онҳо миқдори ками калория доранд ва агар дуруст онҳоро истифода кунем, метавонем ба натиҷае расем.
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.
Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.
Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.
Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео
Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.
Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.
Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.
Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.
Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт.
Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон
Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.
Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.