Дар Душанбе масъалаи солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбонро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкИнвалидные коляски, архивное фото
Инвалидные коляски, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ доир ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон бо иштироки мақомоти баландпояти Тоҷикистон ва коршиносону мақомдорони кишвар баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рӯзи 18 октябри соли равон дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ доир ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон  баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Замони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” муайян шуд

Бино бар иттилои манбаъ, Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо агентиҳои Созмони Миллали Муттаҳид, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд доир мешавад.

Тавре манбаъ хабар додааст, дар Форуми мазкур масъалаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, рушди имкониятҳои иқтисодӣ, тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасони техникӣ, муҳити дастрас, омори маъюбон ва маблағгузории бахши маъюбӣ дар давоми 10 соли охир баррасӣ мегарданд.

Қарор аст дар Форуми мазкур роҳбарияти олии мамлакат, садри вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарон кормандони  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намоянд.

Лентаи хабарҳо
0