Вазорати тандурустӣ бо кумаки Олмон Маркази миллии тиббии “Шифобах”-ро таъмир кардааст

65
(Таҷдидшуда 15:18 29.06.2019)
Ахиран дар бинои 11 – и Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон” – “Шифобахш” маросими ба истифода супоридани шӯъбаҳои нави кӯдакона баргузор гашт.

ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Насим Олимзода , вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Найтхарт Хёфер – Виссинг, Сафири Олмон дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи шӯъбаҳои бинои ёздаҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – “Шифобахш” иштирок намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ ба ҷониби олмон пешниҳод намудааст, ки  маблағҳои иловагӣ барои таҷдид ва бунёди дигар шӯъбаҳои бино, ки иборат аз 6 шӯъба буда, дар маҷмӯъ заминаи асосии сохтори ҳозиразамони хизматрасонии кӯдакони навзод, аз ҷумла эҳёгарӣ ва табобати тифлони бо оризаҳои гуногун тавлидшуда муқаррар гардидааст, ҷудо намояд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати Олмон дастгирии худро пайдо кардааст.  

“Бояд гуфт, ки марҳилаи оғози мувофиқасозӣ, баимзорасонии шартномаҳо, корҳои тендерӣ ва хариди хизматрасонӣ, молҳо, раванди корҳои таъмирию барқарорсозӣ, насбу васлкунии таҷҳизоту асбобҳо то марҳилаи баистифодадиҳии иншоот муддати 5 солро ташкил намуд.  Хароҷоти умумии барнома аз маблағҳои грантӣ 1 миллиону 900 ҳазор евро ва маблағгузории саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор евроро ташкил намудааст”, таъкид намудааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Пас аз интиқоди Раҳмон: вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшедро ба Суғд фиристод

Тибқи иттилои манбаъ, шӯъбаҳои бино бо истифода аз технологияҳои нави меъморию сохтмонӣ таъмиру барқарор карда, бо таҷҳизотҳои ташхисию табобатии муосир ва истеҳсоли аврупоӣ, ба туфайли дастгоҳи рентгении модели «AGfA», таҷҳизоти нафасдиҳии сунъии Дрегер, маҷмӯи гуногунҷабҳаи физиотерапевтӣ, асбобҳои амалиётии бронхоскопӣ, мониторҳои назоратӣ, дастгоҳҳои дастраскунии кислород, мебелу лавозимоти тиббии махсус ва ғайра муҷаҳҳазонида шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ба муассисаҳои тиббӣ 10 мошин тақдим кард

Мутахассисони шӯъбаҳо дар шаҳри Улми Олмон дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонида шудаанд

 

65
Барчаспҳо:
кӯдакон, Муассиса, тиббӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса

COVID - 19 нест: омори нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

62
(Таҷдидшуда 19:09 24.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта чун рӯзҳои қаблӣ дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.

"Дар маҷмӯъ то имрӯз, 24 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 30 апрели соли 2020 эълон шуда буд.

62
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 57 ҳазор нафар гузашт

18
(Таҷдидшуда 18:59 24.01.2021)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе гуфт, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 945 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  аз ин теъдод 437 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд.

Маҷмӯи беморони COVID-19 дар кишвар ба як миллиону 372 ҳазору 977 нафар расидааст.

Лорӣ ҳамчунин бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта 89 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард, ки маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 383 нафар расидааст.

То кунун як миллиону 164 ҳазору 794 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххасӣ шудаанд, таъкид намудааст ин мақомдори умури беҳдоштии Эрон.

Шумори афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 99 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 71 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтанд.

18
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, вируси корона, вируси нав, Эрон

Чӣ гуна духтараки 7 - сола кӯҳҳои барфпӯшро фатҳ мекунад - видео

0
(Таҷдидшуда 20:11 24.01.2021)
Комёбиҳои ин духтарак ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ҳамагӣ 7 сол дорад, вале аллакай чандин нишон ба даст овардаасту қуллаҳои баландро фатҳ намудааст

Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.

Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст. 

Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.

"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.

Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.

0
Барчаспҳо:
Русия, варзишкор, духтарак, комёбӣ