Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон

9104
(Таҷдидшуда 20:11 03.07.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди Ҳукумат ду корхонаи воҳиди давлатиро ташкил дод, ки дар назди дастгоҳи раисиҷумҳур фаъолият хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ду корхонаи нави воҳиди давлатӣ – “Дорухона” ва “Дандонпизишк” мебошанд, ки дар назди муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи Президент таъсис ёфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон ба уҳда дорад, дастур додааст, ки масоили ташкилии марбут ба ин ду корхонаи навтаъсисро ҳал кунад.

Ин дар ҳолест, ки муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ соли гузашта таъсис ёфта, Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта Холмаҳмад Раҳимзодаро директори он таъин намуда буд.

Феълан теъдоди корхонаю муассисаҳои назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳудуди 25 адад арзёбӣ мешавад. Ба ин феҳраст, аз ҷумла “Кохи Борбад”, “Кохи Ваҳдат”, “Қасри миллат”, Маҷмааи таъбу нашри “Шарқи озод”, “Китобхонаи миллӣ”, “Осорхонаи миллӣ”, “Боғи парчами миллӣ”, “Боғи ботаникии Хуҷанд”, маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроия, “Боғи ботаникӣ”, “Кохи Истиқлол”, меҳмонхонаи “Истиқлол”, тарабхонаи “Чаманоро”, “Боғи миллӣ”, меҳмонхонаи “Авесто”, қароргоҳи мавзеи “Сайёд” дар Данғара ва  хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” дар ноҳияи Фархор шомил мебошанд.

9104
Барчаспҳо:
Озода Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, қарори ҳукумат, ташкил, корхона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (40)
Мужчина в защитной маске

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

1349
(Таҷдидшуда 18:16 27.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳури аз маризии коронавирус ягон бемор нафавтид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз шумораи дигари қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки  имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

1349
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

99
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

99
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на заседании правительсва

Супоришҳои нави Эмомалӣ Раҳмон: раисҷумҳур гуфт барои пешрафти ноҳияи Ҷайҳун чӣ бояд кард

0
(Таҷдидшуда 11:34 28.05.2020)
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, изҳори қаноатмандӣ кард.

Инчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 — 2020”-ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти ноҳияро вазифадор кард, ки ҳамкориро барои дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ беҳтар намоянд.

“Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон ҳамчунин барои ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд”, - таъкид дошт манбаъ.

Ҳамзамон Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти ноҳия барои боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалӣ роҳандозӣ намояд.

Гуфта шудааст, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, ки ин низ қонеъкунанда нест.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахшро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти вилоят ва ноҳия аз Президенти кишвар супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар давраи омодагӣ ба ҷашни сисолагии Истиқлолияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки мардуми ноҳияи Ҷайҳун ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

0
Барчаспҳо:
Хатлон, Ҷайҳун, мулоқот, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон