дорухона, акс аз бойгонӣ

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

166
(Таҷдидшуда 17:13 11.07.2019)
Аз 25,5 миллион доллар, маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ки ба Тоҷикистон ворид гардида буд, 6 миллиони онро кумаки башардӯстона ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 25,5 миллион доллар, маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ворид гардидааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз маблағи умумии воридгардида, беш аз  6 миллион доллар кумаки башардӯстона буда, зиёда аз  18 миллион доллар барои тиҷорат ва 885,332 миллион доллари дигар бо мақсадӣ истифодабарӣ пешбинӣ шудааст.

Гузашта аз ин Вазорати беҳдошти кишвар иттилоъ додааст, ки аз қаламрави ҷумҳурӣ низ маводи доруворӣ ба  маблағи  беш аз 41 миллион сомонӣ содирот шудааст.

Гуфта мешавад, алъон дар Тоҷикистон 2 ҳазору 477 дорухона фаъолият мекунад,ки 500 адади он дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон

Бояд қайд намуд, ки  фаъолияти дорухонаҳои ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мавриди санҷиш қарор мегиранд. Чанде қабл вазорати мазкур кори 746 муассисаи фарматсевтӣ ва 496 муассисаи табобатию профилактикиро мавриди санҷиш қарор дода буд.

Санҷиши 746 дорухонаю 31,7 ҳазор дору

Дар ҷараёни санҷиш  5721 номгӯи доруворӣ, аз ҷумла 1448 номгӯи маводи дорувории мӯҳлаташон гузашта, 4215 дорувории бе сертификати мутобиқат, 54 номгӯи молҳои тиббии ғайримеъёрӣ аз муомилот гирифта шудаанд.

166
Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, маводи доруворӣ, Тоҷикистон