Рамзи мубориза бо ВНМО, акс аз бойгонӣ

Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

95
(Таҷдидшуда 16:22 25.07.2019)
Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз коҳиши паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кӯдакони то 18-сола хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Умарзода, соли 2013 ВНМО дар байни кӯдакон 12,3 фоизро ташкил медод, ки ин нишондод дар 6 моҳи соли 2019 то ба 10,1 фоиз  паст фаромадааст. 

“Ҳамчунин тамоили паҳншавии сироят бо роҳи аз модар ба кӯдак ва паҳншавии сироят дар байни нашъамандони тазриқӣ низ ба тадриҷ кам шудааст”, - иттилоъ дод “Ховар” аз қавли Умарзода.

Манбаъ таъкид кардааст, ки сирояти ВНМО зери назорат буда, солҳои охир барои пешгирии он дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Вазорати тандурустӣ гузориш додааст, ки фарогирӣ ба табобат беҳтар гардида, аз 8 ҳазору  308 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 6 ҳазору 400  нафар табобатро идома дода истодаанд, ки 77,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки таъсири мусбати табобати зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагон ба кам гардидани фавт дар байни гирифторони ВНМО сабаб гардида, фоизи фавтидагон дар давраи ҳисоботӣ  ба 2,7 фоиз баробар гаштааст. Ин рақам соли 2013 13,3 фоизро ташкил медод.

Умарзода изҳор дошт, ки яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ мебошад.

95