Председатель Хатлона встретился с представителями Китая

Саломат бошед: Чин дар шаҳру навоҳии Хатлон марказҳои табобатӣ месозад

47
(Таҷдидшуда 19:00 13.08.2019)
Чин дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон табобатгоҳҳо месозад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ин масъаларо имрӯз, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Чин Дан Зан баррасӣ кардааст.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти хатлон, дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардидааст, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти Хатлон ва Ширкати мазкур амал менамояд шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷалолиддин Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан барои ҳамкориҳо изҳори сипос намуда, қайд кардааст, ки омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бисозанд.

Намояндагони  барои омода кардани мутахассисон барои марказҳои ташхисию табобатӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар изҳори умедворӣ намуда, иброз намудааст, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти Хатлон омода аст дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

47
Барчаспҳо:
Маркази табобатӣ, Хатлон, Тоҷикистон