Томограф, архивное фото

Имкони табобати беморони саратон дар Суғд: ифтитоҳи бинои нави нурафканӣ дар вилоят

77
(Таҷдидшуда 20:10 19.08.2019)
Ахиран бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва директори Департаменти техникии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Ана Раффо-Каиадо бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни манросими ифтитоҳи иншооти нав гуфт бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилоят бо маблағгузории Мақомоти вилоят дар ҳаҷми беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардидаааст.

Вай инчунин афзуд, ки бо дастгирии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллион доллар ба ин муассисаи тиббӣ таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” харидорӣ ва насб карда шуд. 

Манбаъ таъкид намуд, ки бунёд ва таъмин бо таҷҳизоти лозима ба  шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд имкон медиҳад, ки беморон дар дохили вилоят табобат гиранд.

Нақши зеҳни сунъӣ дар муолиҷаи бемориҳои саратон

Раиси вилоят дар суҳбат бо кормандони Маркази саратоншиносии вилоят изҳор кард, ки табибон бо истифода аз шароити фароҳамшуда ва таҷҳизоти навтарини тиббӣ барои ҳифзи сиҳатии мардум талош менамоянд.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят дар саҳни Маркази саратоншиносии вилоят парда аз рӯи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта шуд.

Муҷассамаи пири ҳакимони машриқзамин дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббуси маъмурияти марказ бунёд гардидааст.

77
Барчаспҳо:
ифтитоҳи бинои нав, муҷассама, Сино, саратон, Суғд, Тоҷикистон
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Вазорат: 80%-и гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

323
(Таҷдидшуда 19:59 13.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 13 июл дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 595 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5 ҳазору 278 нафар ё худ 80%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 184 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 50 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

323
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

105
(Таҷдидшуда 17:40 13.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани як парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе дастур додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанберо ба нақша гирифтааст. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои пур кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд. 

Вазорати умури хориыии Тоҷикистон таъкид кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Инчунин мушаххасоти сафорати Тоҷикистон дар Сеул, аз ҷумла рақамҳои телефон, +82 027922535, +82 1059399339, +82 1059379861 ва почтаи электронии tjkoreaemb@mfa.tj ироа кардааст.

Қаблан парвозҳои махсуси чартерӣ барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Туркия, Аврупо, АМА, Белорусия ва дигар давлатҳо анҷом дода шуданд.

105
Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, бозгашт, парвоз, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон