Центральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района

Барканории се роҳбар пас аз ҳалокати 5 зан ва 29 кӯдак дар Хатлон

788
Пас аз ин ҳодисаҳо сардухтури беморхонаи марказӣ, беморхонаи рақами 1 ва сардори Кумаки авалияи тиббиву санитарии ноҳия барои бемасъулиятиаашон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Давоми 7 моҳи охири соли равон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, аснои таваллуд 5 зан ва 29 кӯдак фавтиданд, хабар медиҳад сомонаи нашрияи "Фараж".

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи фавти модарону кӯдакон боиси аз вазифа рафтани се роҳбари муассисаҳои тиббӣ гардидаст.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад

Гуфта мешавад, дар вобастагӣ ба ҳалокати модарону кӯдакон, сардухтури беморхонаи марказӣ, беморхонаи рақами 1 ва сардори  Кумаки авалияи тиббиву санитарии ноҳия барои бемасъулиятиаашон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Дар ҳоле, ки сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ояматов омили асосии фавти занону кӯдаконро ба  дер муроҷиат кардани занони ҳомила ба бемористон ва бемасьулиятии баъзе пизишкон  рабт дод.

Аз хар афтоду даргузашт: чаро модарони тоҷик ҳангоми таваллуд мемиранд?

Зимнан хабар мешавад, ки давоми нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон дасти кам 13 нафар занон аснои таваллуд фавт карданд.

788
Барчаспҳо:
тандурустӣ, Хатлон
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

80
Кубатбек Боронов сарвазири Қирғизистон аз эҳтимоли зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар манотиқҳои ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов дар ҷаласаи ситоди марказии ҷумҳуриявӣ гуфт, ки мақомоти минтақавӣ бояд ба афзоиши мавориди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ва ё илтиҳоби шуш омода бошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд дар минтақаҳо захираи маводи доруворӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин сарвазир ба таъмин намудани минтақаҳои Қирғизистон аз табибони ҳирфаӣ таъкид кард.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

"Дар Бишкек, бинобар шумораи зиёди маризон, беморхонаҳо зуд пур мешаванд ва дар дармонгоҳҳо кормандони тиб намерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти минтақавӣ бояд ба ҳолати афзун шудани шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш омода бошанд. Вазъияте, ки ҳоло дар пойтахт дида мешавад, набояд дар дигар минтақаҳо такрор шавад", - афзудааст Боронов.

Зимнан, сарвазири Қирғизистон тактикаи мубориза бурдан бо коронавирус дар минтақаҳоро баён намуд:

"Таҷриба нишон дод, ки ба мо танҳо катҳои хоб лозиманд. Мо бояд ҷойҳоро барои беморони вазнин ва беморони миёна омода кунем. Барои онҳое, ки шакли сабук доранд, бояд дар утоқҳои алоҳида бистарӣ шаванд. Ҳоло дар Бишкек духтурон ва ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар минтақаҳо бояд ба назар гирифт", - илова намудааст сарвазир дар ҷаласа.

Дар Қирғизистон вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус бисёр ваҳим аст. Теъдоди қурбониёни вируси COVID - 19 дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

80
Барчаспҳо:
сарвазир, захира, маводи доруворӣ, афзоиш, маризӣ, Қирғизистон
Доктор возле приемного отделения

Фавти 198 мариз давоми як рӯз: омори тозаи коронавирус дар Русия

219
(Таҷдидшуда 13:06 07.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 198 нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки 24 қурбонӣ ба шаҳри Маскав рост меояд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Русия агар теъдоди мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳишшавӣ ниҳодааст, шумораи ҳолатҳои фавт ҳамоно дар ҳоли афзуншавӣ аст.

Шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ дар Русия дасти кам 198 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, бо илова шудани 198 ҳолати нав, теъдоди умумии қурбониён аз ин маризии даҳшатбор ба 10 494 нафар баробар шудааст.

 Александр Гинсбург: Ваксинаи Русия ду сол аз коронавирус муҳофизат мекунад

Ситод мегӯяд, аз ҳама беш мавориди фавт дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифтааст. Давоми як рӯз дар ин шаҳр 48 мариз ҷон аз даст доданд.

Ҳамчунин 24 ҳолати фавт ба шаҳри Маскав рост меояд. Дар Подмосковие 18 мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан, Cитоди фаврӣ қайд намудааст, ки шабонарӯзи гузашта 9551 нафар аз вируси COVID - 19  шифо ёфтанд ва аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.

Дар маҷмӯъ аз авоили паҳншавии маризии коронавирус дар Русия 463 880 бемор шифо ёфтанд.

219
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон