Дорога на Ишкашим, архивное фото

Бо супориши Раҳмон: ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро хати барқ кашида мешавад

322
(Таҷдидшуда 19:22 26.08.2019)
Якқатор иншооти тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмир мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои сохтмонӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тендер гузаронида шудааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, як қатор иншоот бо супориши бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ карда шудаанд. 

  • таъмири бинои филиали маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо маблағи 576 ҳазору 744 сомонӣ,
  • таъмири шуъбаи касалиҳои сироятии ноҳияи Ванҷ бо маблағи 619 000 сомонӣ,
  • маркази саломатии Кеврон бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ,
  • маркази саломатии Курговад бо маблағи 151 ҳазор сомонӣ,
  • маркази саломатии Ғуҷоваст бо маблағи 248 ҳазор сомонӣ,
  • сехи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 179 ҳазор сомонӣ,
  • кашидани хати барқ ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро бо маблағи 163 ҳазору 259 сомонӣ,
  • ташкили маркази тавонбахшии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 253 ҳазор сомонӣ 

Манбаъ афзуда, ки дар аксарияти иншоот тендери ширкатҳои маскуни Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ғолиб гардидаанд.

322
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, таъмир, иншоот, Ишкошим, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид

891
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 42 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳа Вазорати тандурустии кишвар.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 113 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 388  нафар баробар шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, то санаи  21 сентябр дар мамлакат  8152 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

891
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Анатолий Альштейн

Алштейн афзоиши бемории коронавирусро дар ҷаҳон шарҳ дод

348
(Таҷдидшуда 18:59 21.09.2020)
Вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар бораи вазъи афзоиши паҳншавии коронавирус ибрози назар кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Ҳоло дар бораи мавҷи дуюми коронавирус сӯҳбат кардан душвор аст, гуфт вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар муколама бо Sputnik Латвия.

Коршинос илова кард, ки дар бораи хуруҷи нави паҳншавии COVID-19 бо боварӣ метавон танҳо дар Испания сӯҳбат кард, ҳарчанд афзоиши беморӣ дар бисёр кишварҳои дигар мушоҳида мешавад.

"Бояд қайд кард, ки афзоиш ва мавҷи дуввуми коронавирус бо коҳиши шадиди марг ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо дар сатҳи 1% ва аз он камтаранд", - гуфт Алштейн.

Вирусшинос қайд кард, ки коҳиши фавт метавонад сустшавии вирусро нишон диҳад ("суст шудан" -и вирус, коҳиш ёфтани патогенияти он - ред.), Аммо ба эҳтимоли зиёд усулҳои табобати беморони ковид хеле беҳтар шудаанд.

Профессор афзуд, ки бояд тақвияти дубораи чораҳои зидди эпидемиро интизор шуд, аммо онҳо на бо кӯмаки мамнӯъиятҳо, балки дар заминаи мусоидат ба риояи меъёрҳои санитарӣ тақвият дода мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт табобати коронавирусро бо гиёҳ иҷозат дод

Алштейн шарҳ дод, ки чаро дар ҷаҳон беморони гирифтори коронавирус зиёд мешаванд.

"Як омил ин аст, ки одамон бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва аз риояи чораҳои асосии зидди эпидемия даст мекашанд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемориҳои шадиди роҳи нафас одатан тирамоҳ меафзояд ва COVID-19 яке аз онҳост", - гуфт вирусшинос.

Алштейн изҳори итминон кард, ки барои башарият ҳеҷ фалокате наздик нахоҳад буд, алахусус бо назардошти кори ваксина дар Русия ва дар саросари ҷаҳон.

348

Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

0
(Таҷдидшуда 17:46 22.09.2020)
Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, кишварҳо, Русия, харидорӣ, навбат, Тоҷикистон