Шодихон Ҷамшед: "Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон таваҷҷуҳи зиёд дорад"

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нуктаро муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни муаррифии гурӯҳҳои кории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, зикр кард

Душанбе, 6 окт — Sputnik. Дар асоси Фармоиши вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода аз 1 октябри соли равон, №731  гурӯҳҳои кории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон муайян гардиданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, рӯзи 4 октябр таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед  вобаста ба муаррифии аъзоён ва гурӯҳҳои кории Форуми мазкур ҷаласаи корӣ баргузор гардидааст.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ёрдамчии вазири тандурустӣ Дилором Содиқова, мудири Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ва роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ  иштирок намудаанд.

"Шодихон Ҷамшед ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, махсусан таъкид намудааст, ки баргузор гардидани чунин як форуми сатҳи баланд дар кишвар аз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табақаи маъюбон дарак медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кадом оилаҳо ҳуқуқ доранд аз Ҳукумати Тоҷикистон кӯмакпулӣ гирад?

Аз ҷониби Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон хонда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа  Шодихон Ҷамшед гурӯҳҳои кории Форуми мазкурро муаррифӣ кардааст.

Қайд гардидааст, ки аъзоёни гурӯҳҳои корӣ бояд барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон  омодагии ҷиддӣ бубинанд.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0