Фарбеҳӣ, акс аз бойгонӣ

Аз сактаи дил то саратон: ноиби вазир теъдоди фарбеҳон ва хатари вазни зиёдро гуфт

124
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои ғайрисироятии марбут ба фарбеҳӣ дар кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд,  бемории фишорбаландӣ,  ишемиявии дил, диабети қанд ва дар ин замина пайдоиши оризаҳои сактаи дил ва майнаи сар тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар 70 – 85 фоизи чунин ҳолатҳо фарбеҳӣ нақши муайян дорад.

Камолзода дар суҳбат бо “Ховар” аз қабули лоиҳаи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024” зикр намуда, таъкид кард, ки ҳадафи он ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он мебошад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, - таъкид наамудааст муовини вазири тандурустӣ.

Олимон омилҳои хатари тавсеаи сактаи мағзиро номбар карданд

Ӯ  афзудааст, ки хатарҳои фарбеҳшавӣ, ки ба онҳо камҳаракатӣ, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо, вазни барзиёди бадан шомиланд, дар Тоҷикистон афзуда, ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, умрро кӯтоҳ мекунанд.

Муовини вазири тандурустӣ тавзеҳ дод, ки фарбеҳӣ сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард, фишорбаландӣ, ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон, аз ҷумла саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима, пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегарданд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128 – умро ишғол менамояд.

Камолзода таъкид намудааст, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон доданд, ки 17% аҳолии ҷумҳурӣ вазни зиёди бадан дошта, 11,3% аҳолии кишвар аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

124