Пациентка в прививочном кабинете в городской поликлинике

Русия мехоҳад норасоии табибонро аз ҳисоби муҳоҷирон бартараф намояд

140
(Таҷдидшуда 15:56 10.10.2019)
Айни ҳол зарфияти кадрии Русия дар соҳаи тиб 4 дар сади талаботро таъмин менамояд, қайд кардааст Вазорати тандурустии кишвар

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Русия пешниҳоди бартараф намудани норасоии табибон аз ҳисоби муҳоҷирон ба миён омадааст, менависад нашрияи “Известия”.

Ташаббускори ҷалб кардани муҳоҷироон баҳри бартараф намудани мушкилии норасоии мутахасисони соҳаи тиб ин Вазорати тандурустии Русия мебошад.

Ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат айни ҳол зарфияти кадрии Русия талаботи кишварро бо кормандони соҳаи тиб 4 дар сад таъмин менамояду халос.

Қисман дар Русия норасоии духтарҳои ёрии таъҷилӣ, бемориҳои асаб, чашм, саратоншинос, ортопед ва касалиҳои руҳӣ зиёд ба чашм мерасад.

Барои ҳали масъалаи норасоии табибон Вазорати тандурустии Русия лоиҳаи фармон дар бораи касбҳоеро пешниҳод кардааст, ки дар асоси мутахассисон метавонанд шаҳрвандии Русияро ба таври сода ба даст оранд.

Дар Вазорати тандурустӣ илова намудаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани рақобат барои касби махсусе ин ниҳод омода аст ба рӯйхати пешниҳодшуда тағйироту иловаҳо ворид намояд.

140
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Русия, духтурон, муҳоҷир, Русия
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID - 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад

90
(Таҷдидшуда 17:39 04.08.2020)
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дод, ки чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризии коронавирус пурзӯр карда шавад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ба хотири пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласа бо иштироки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.

Ваксинаи сохти Русия алайҳи COVID - 19 барои кӯдакон дастнорас аст: сабаб дар чист?

Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мебошад.

Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба ин маризӣ то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории COVID - 19 пурзӯр карда шаванд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 7 000 нафар мубталои коронавирус гардида, ҳамзамон 61 мариз қурбон шуданд.

90
Барчаспҳо:
супориш, вазир, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцинация в школе, архивное фото

Ваксинаи сохти Русия алайҳи COVID - 19 барои кӯдакон дастнорас аст: сабаб дар чист?

222
(Таҷдидшуда 14:18 04.08.2020)
Бар тибқи қонунгузории Русия, ваксина бояд даври пурраи озмоишӣ дар калонсолонро гузарад ва танҳо пас аз ин эм кардани кӯдакон иҷозат дода мешавад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Русия озмоиши клиникии нахустин ваксина алайҳи коронавирус анҷом ёфт ва феълан он дар марҳилаи ба қайд гирифтан қарор дорад.

Зимнан, истеҳсоли ин ваксин моҳи сентябр оғоз меёбад ва авоили моҳи октябр эмгузаронии сартосарӣ дар Русия сурат мегирад. 

Қаблан, Вазорати тандурусти Русия хабар дода буд, ки эмгузаронӣ дар кишвар комилан ройтгон ба роҳ монда мешавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Аммо ваксини сохти Русия алайҳи маризии коронавирус имсол барои кӯдакон дастнорас хоҳад шуд. Сабаб дар он аст, ки даври пурраи озмоишии ваксина нахуст дар одамони калонсол бояд гузарад ва сипас эмкунии кӯдакон иҷозат дода мешавад.

"Ман умедворам, ки ваксина барои кӯдакон муносиб хоҳад буд, аммо тибқи қонунгузории Русия ваксинаро дар кӯдакон танҳо пас аз гузаштани давраи пурраи санҷиш дар одамони калонсол, пешниҳод кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, вақте марҳилаи саввуми санҷиш ба итмом мерасад, он гоҳ кӯдаконро низ имкони эмгузарондан  мумкин мегардад", - гуфт роҳбари Маркази Миллии Тадқиқотӣ ба номи Гамалея Александр Гинтсбург.

Чанде пеш, Михаил Мурашко вазири беҳдошти Русия гуфта буд, ки нахуст аз марҳилаи эмгузаронӣ пизишкон ва омӯзгорон мегузаранд.

"Кӯдакон ба далели сабук гузарондани ин маризӣ то ҳол мавриди эмкунӣ қарор намегиранд", - изҳор дошт Мурашко.
222
Барчаспҳо:
Русия, кӯдакон, эмгузаронӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Радио и телеведущий Александр Гордон с супругой Нозанин Абдулвасиевой

Гордон аз абераи Миршакар ҷудо шуд: 2 фарзанд ва 6 сол зиндагии муштарак доштанд

0
(Таҷдидшуда 18:47 04.08.2020)
Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 сола ҷудо шудааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба гузориши маҷаллаи "СтарХит" барандаи телевизион Александр Гордон, аз набераи режиссёри машҳури Шӯравию Русия Валерий Аҳадов ва абераи Мирсаид Миршакар Нозанин Абдулвосиева ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз суи Нозанин сурат гирифта,  додгоҳ 17 июл издивоҷи онҳоро бекор кардааст.

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳама масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд,  дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсҳо накардаанд.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.

Александр Гордон ва Ноза Абдулвосиева соли 2014 оила барпо кардаву, моҳи октябри ҳамон сол соҳиби писар шуданд. Бино ба хабарҳои расонаҳо, онҳо замони наворбаргирии филми “Умник” шинос шудаанд.

Гордон аз рӯзноманигорони шинохта ва ровии барномаҳо маъруфи дар шабакаи телефизионии ОРТ буда, муаллифи барномаҳои маъруфи  “Они и мы”, “Ночной Гордон”, “Закритый сеанс”, “Гордон-Кихот”, “Гражданин Гордон” мебошад.

Нозанин Абдулвасиева кист?
Нозанин Абдулвосиева дар хонаводаи маъруфи тоҷик таваллуд шудааст. Гузаштагони ӯ шоири халқии ҶШС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва бобояш коргардони кино Валерий Аҳадов мебошанд.

"Се талоқ" : Мисс Москва дар бораи ҷудошавӣ аз шоҳи Малайзия гуфт

Нозанин, ба монанди падару модараш, касби эҷодӣ интихоб карда, хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.

 

0