Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото

Муассисаҳои доруфурӯши, табобатию профилактикӣ наздик ба 1 миллион сомонӣ ҷарима шуданд

46
(Таҷдидшуда 17:02 24.10.2019)
Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110 ҳазору 814 адад аз муомилот гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Тоҷикистон, аз нуқтаҳои фурӯши доруворӣ  456 номгӯй доруи муҳлатгузашта, 523 номгӯй доруи бе сертификат ва 52 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда мусодира гардиданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 483 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд.

Инчунин, ҳангоми санҷиш аз нуқтаҳои савдо ва анбори маводи ороишию гигиенӣ низ 398 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат бозпас гирифта шуданд.

Мутахассисони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда нисбат ба  шахсони ҳуқуқию воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 372 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 996 ҳазору 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Барои бартараф сохтани камбудиҳо аз ҷониби шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 366 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо посух гирифта шудааст.

46
Барчаспҳо:
муомилот, маводи доруворӣ, санҷиш, Хадамоти фарматсевтӣ, Тоҷикистон