Медицинская каталка в больнице, архивное фото

То соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 500 муассисаи тандурустӣ бунёд мешавад

52
(Таҷдидшуда 11:34 30.10.2019)
Дар шаҳри Вашингтони Амрико масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки масъалаи густариши ҳамкориҳо зимни мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон бо ноиби Президент оид ба рушди инсони Бонки ҷаҳонӣ ва Директори минтақавии ин ниҳоди молиявӣ дар Осиёи Миёна баррасӣ шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки то соли 2021 дар кишвар зиёда аз 500 муассисаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.

“Бо шарофати тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон мамлакати мо ба қатори 9 давлати нав, ки дар Бунёди глобалии маблағгузорӣ иштирок мекунанд, шомил гардид”, — зикр намуд Насим Олимзода.

Вай инчунин қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии соҳа дар мамлакат то соли 2030 ба таври пурра пешгирӣ намудани марги модару кӯдак, наврасон ва таъмин намудани ҳифзи саломатии ҳар кадоми онҳо мебошад.

Вазорати тандурустӣ зикр намудааст, ки тарафҳои доир ба татбиқи лоиҳаи муштарак ибрози назар карда, хоҳони тақвияти ин робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сармоягузорӣ шуданд.

52
Барчаспҳо:
Бонки ҷаҳонӣ, аҳолӣ, тиббӣ, тандурустӣ, Тоҷикистон