Денежные купюры. Архивное фото

USAID барои аз байн бурдани бемории сил ба Тоҷикистон беш аз 15 миллион доллар медиҳад

105
(Таҷдидшуда 14:15 20.11.2019)
Намояндагони USAID калонтарин ташкилоти кӯмакрасон дар Тоҷикистон эълон намуданд, ки ин ташкилот барои аз байн бурдани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар муҳлати 5 сол 31,6 миллион доллар масраф хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Намояндагони USAID дар Тоҷикистон, ассотсиатсияи ғайридавлатии байналмилалии “Табибони бидуни марз ” ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъкид намуданд, ки омода ҳастанд барои идомаи маблағгузории барномаҳои давлатӣ дар соҳаи назорат бо СПИД, сил ва вараҷа Тоҷикистон кумак намоянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандуустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикстон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Намояндагони USAID эълон карданд, ки гранти USAID барои аз байн бурдани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

“Аз ҷониби UPAssosiat ба муҳлати 5 сол ба маблағи 31,6 миллион доллар  татбиқ карда мешавад ва  15,2 миллион доллари он ба Точикистон фиристода мешавад”, - таъкид намудааст намояндагони ин ташкилоти кӯмакрасон.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо бемориҳои камбуди эминӣ, сил ва вараҷа раванди иҷрои барномаи коҳиши ин бемориҳоро нохушоянд донист.

Вай ёдоварӣ карда, ки мубориза бо ин бемориҳо масъулияти танҳо як Вазорати тандурустӣ нест ва бояд намояндагони Вазорати маорифу илм, Кумитаи умури ҷавонону варзиш, руҳониён ва дигар сохторҳо низ ҳаст.

105
Барчаспҳо:
USAID, масраф, Мубориза зидди бемории сил, сил, Осиёи Марказӣ, ЮСАИД, кӯмак, Тоҷикистон