Мошинҳои тақдимшуда ба вазорати тандурустӣ

Барномаи рушди СММ ба марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияҳо панҷ мошин тақдим кард

54
(Таҷдидшуда 14:58 01.12.2019)
Муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Дӯстӣ, Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби панҷ мошини сабукрави тамғаи “ВАЗ 21214” шуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ахиран барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ”  5 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаи “ВАЗ 21214” -ро ба марказҳои иммунопрофилактикаи  ноҳияҳои Дӯстӣ, Ховалинг, Балҷувон,  Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ ва тақдим намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид намудааст, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои мазкур сурат гирифтааст.

“Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатия “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон”  5 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаи “ВАЗ 21214” -ро ба воситаи Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба марказҳои иммунопрофилактикаи  ноҳияҳои мазкур харидорӣ ва дастрас гардонида  шуд”,- қайд намудааст манбаъ.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни тақдими мошинҳо зикр кардааст, ки мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳо ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсияи мунтазам паст карда мешаванд.

“Новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз усулҳои муосири соҳа амалӣ шаванд. То ҳол эҳтимолияти хатари хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ аз байн бурда нашудааст. Бо назардошти  мавҷудияти ин хатар зарурияти мунтазами роҳбарикунӣ, таъминоти устувории молиявӣ барои харидории ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои дар таҳти назорат буда, бурдани ташфиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатия аз байн нарафтааст”, - афзуд номбурда.

54
Барчаспҳо:
Рӯдакӣ, Хатлон, Балҷувон, мошини сабукрав, мошин, тандурустӣ, СММ