ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пешгирии "коронавирус" аз қавли ТУТ тавсияҳо нашр кардааст.
Ҳамин тавр, пеш аз ҳама барои гирифтор нашудан ба "коронавирус" бояд дастонамонро безарар гардонем. Дар ҳолати ифлос будани дастон, бояд аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода намуд.
Давомнокии шустани дастон 20-30 сонияро ташкил менамояд.
Панҷ лаҳзаи безараргардонии дастон.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.
“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.
Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.
Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод.
Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.
"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.
Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.
Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст.
Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.
"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.
Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.
Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.
Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.
Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.
Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.
Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур.
Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.
Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.