Вируси тоҷдор дар Чин

Пешгӯии даҳшатноки ТУТ: 70 дарсади инсоният гирифтори коронавирус мешавад

3580
(Таҷдидшуда 14:00 14.02.2020)
Дар давоми ду рӯзи охир шумораи мубталоёни вируси "тоҷдор" анқариб то 20 ҳазор кас зиёд шуд. Афзоиши шумораи беморон бо методи нави ташхис, вобаста аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар сурати сенарияи ғайримувофиқ эҳтимол аст, 66 дарсад (аз се ду ҳиссаи) мардуми сайёра бо вируси COVID-19 сироят шаванд. Дар ин бора рӯзи 13 феврал мушовири Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Айру Лонҷини гуфтааст, менависад "Известия".

Дар пешгӯии худ коршинос ба маълумоте такя мекунад, ки мувофиқи он ҳар гирифтори вирус дар шароити маъмулӣ ду-се каси дигарро сароят мекунад.

Бино ба гуфти Лонҷинӣ, агар ин нишондодро ду маротиба кам кунем ҳам, сеяки мардуми сайёра сироят хоҳад шуд.

Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад

Коршинос қайд мекунад, ки карантин метавонад суръати паҳншавии вирусро кам кунад, вале чунин чораҳо бо таъхир, пас аз паҳншавии вирус дар дигар шаҳрҳои Чин ва берун аз он, андешида шуд.

Рӯзи панҷшанбе, ҳукумати музофоти Ҳубей афзоиши сироятшудагонро ба қайд гирифт. Онҳоеро, ки пештар сиҳат арзёбӣ мекарданд, ҳамакнун сиироятёфта эълон намуданд. Афзоиши шумораи беморон бо методи нави ташхис, вобаста аст.

Мураххас шуданд: шифо ёфтани ду маризи коронавирус дар Русия

Ҳамин тавр, рӯзи 12 феврал дар бораи 45 ҳазор сироятёфта ва имрӯз бошад дар бораи 64 430 гуфта мешавад.

Шумораи фавтидагон, рӯзи 12 феврал - 1 383 нафар имрӯз -  6,8 ҳазор гуфта мешавад.

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

3580
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, ТУТ, вирус, Чин
Мавзуъ
Ҳалокати 600 нафар аз "вируси тоҷдор": ҳамарӯза даҳҳо нафар сироят мешаванд
Ҳалокати 10 кӯдак дар Бадахшони Афғонистон : нигаронии ҳукумат аз вируси "тоҷдор"
Ба пизишкони "Шифобахш" фаҳмониданд, бо вируси "тоҷдор" чӣ гуна рафтор кунанд
Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин
Коҳиши нархи банан дар пасманзари бурузи "вируси тоҷдор" ва ҷавоби вазири тандурустӣ
Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

84
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

84
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мадина Акназарова - Бо ту / Madina Aknazarova - Bo Tu (2020) - YouTube

Мадина Ақназарова гуфт, чӣ гуна метавон аз COVID - 19 эмин шуд- видео

432
(Таҷдидшуда 19:09 12.07.2020)
Сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова дар як наворе фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд худ ва атрофиёнро аз сироятшавӣ бо COVID - 19 муҳофизат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Мадина Ақназарова, ки ахиран бо гурӯҳи тарғиботии мубориза бар зидди COVID - 19 дар Тоҷикистон пайваст, дар як наворе дар саҳифааш дар Instagram фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд ниқоби тиббиро пӯшид.

Ӯ дар ин навор аз мардум даъват кард, ки ба зиндагии худ ва атрофиён бетараф набошанд ва ниқобро дуруст бипӯшанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#AKAH#covid19#besafe 🌿

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Салом дӯстони азиз! Тамоми ҷаҳон мубориза бо COVID - 19 - ро идома медиҳад ва пӯшидани ниқобро касе манъ накардааст. Вазъи аксари мардум ваҳим аст ва бархе ҳам бидуни нишона ин бемориро аз сар мегузаронанд ва паҳнкунандаи сироят ҳастанд. Барои ҳамин биёед нисбати ин беморӣ ҷиддӣ муносибат кунем ва саломатии миллатамонро нигоҳ дорем", - таъкид кардааст Мадина дар навор.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Тибқи тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ гардидааст.

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

432
Барчаспҳо:
вируси нав, муҳофизат, ниқоби сиёҳ, Мадина Ақназарова