Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин ба 1770 нафар расид

© Aaron FavilaВспышка коронавируса в Китае
Вспышка коронавируса в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Чин эълом кард, ки бо ҷон бохтани 105 нафари дигар аз афроди мубтало ба коронавирус, дар шабонарӯзи гузашта шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба 1770 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Чин, то кунун шумори тасдиқшудаи гирифторон дар саросари ҷаҳон ба 70 ҳазору 548 нафар баробар буда, беш аз 70 ҳазор ҳолат дар Чин ба қайд гирифта шудааст.

Защитный костюм от химических и бактериологических воздействий - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: пизишкони Вуҳан рӯяшонро баъди пӯшидани ниқоби зидди коронавирус нишон доданд

Ба иттилои манбаъ танҳо давоми шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 48 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаҳо 57 ҳазору 934 нафар табобат гирифта, вазъи 10,6 ҳазор нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин 11 ҳазор нафар шифо ёфта аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир 778 нафар шумори гирифторони “коронавирус”  дар ҷаҳон ба ғайр аз Чин ба қайд гирифта шудааст.

Ахиран мақомоти Ҷопон низ аз гирифтор шудани 70 нафари дигар дар киштии Diamond Princess хабар доданд, ки сара аз 3 феврал дар карантин дар бандари Ёкогама  қарор дорад ва ҳамакнун шумори гирифторони ин бемори дар кишти ба 355 нафар мерасад.

Пешгӯии даҳшатноки ТУТ: 70 дарсади инсоният гирифтори коронавирус мешавад

Сафорати Русия дар Ҷопон аз гирифтор шудани як сокини кишвар ба ин беморӣ хабар дода гуфтааст, ӯро барои табобат беморхона хоҳанд бурд.

Амрико низ 300 нафар аз шаҳрвандонашро ба кишварашон иштиқол додаа. Гуфта мешавад 40 шаҳрванди Амрико низ гирифтори ин беморӣ гаштаанд, ки ҳоло дар шифохонаҳои Ҷопон қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0