Президент Бразилии Жаир Больсонаро

Президенти Бразилия мубталои коронавирус шуд

687
(Таҷдидшуда 09:13 14.03.2020)
Ташхиси президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару мусбат баромадааст. Ӯ чанде боз таҳти назорати пизишкон будааст

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару мубталои вируси навъи 2019-nCoV шудааст, хабар медиҳад портали  Jornal O DIA

Гуфта мешавад, ки Болсанару аз ташхиси коронавируси навъи 2019-nCoV гузаштааст.

Муовини вазири беҳдошти Эрон аз коронавирус шифо ёфт

Қайд мешавад, ки нахустин ҷавоби ташхис мусбат баромадааст.

Бино ба гузориши оҷонсии хабарӣ, президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару ҳафтае боз таҳти назорати пизишкон қарор дошт.

Аз вакилон сироят шуд: вазири фарҳанги Фаронса мубталои коронавирус гардид

Гуфта мешавад, ки замони сафари президент ба ИМА яке аз вакилони бразилӣ, ки ба ҳайати ҳамсафарони кишвардор шомил буд, мубталои "вируси тоҷдор" будааст.

Коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар беш аз 106 давлати дунё ба қайд гирифта шудаанд.

 

©Sputnik
Коронавирус — афсона ва ҳақиқат

 

687
Барчаспҳо:
Президент, вирус, Бразилия
Мавзуъ
Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад
Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба се нафар расид
"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд
Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Оҷил: 2 ҳолати мусбат ва 70 ҳолати машкук дар миёни мусофирони аз Туркия омада

452
(Таҷдидшуда 18:02 25.05.2020)
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Бино ба ин манобеъ, санҷиши 2 нафар мусбат баромада, ҳудуди 70 нафаре, ки бо онҳо тамос доштанд ва эҳтимоли сироят шуданашон мавҷуд аст, таҳти муроқибат гирифта шудаанд.

“Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи шанбеи гузашта, 23 май, 194 шаҳрванди ин кишвар, ки дар Туркия тайи ду моҳи ахир дар монда буданд, бо як парвози ширкати “Turkish Airlines” ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин мусофирон аз 18 март ба ин сӯ дар Истанбул банд монда буданд. Онҳо дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, қарантина шуда буданд.

“Қарор буд имрӯз ҳамаро рухсат кунанд, аммо ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” зарурати дигарбора санҷидани мусофиронро ба вуҷуд овард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба ин манбаъ, дар миёни мусофирини аз Туркия омада, афроди калонсол ва онҳое, ки ҷиҳати тадовӣ ба Туркия рафта буданд, низ ҳузур доранд.

452
Барчаспҳо:
мусофирон, вирус, тест, шаҳрвандон, Туркия, Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты населения Таджикистана встретился с группой китайских врачей

Дидору мулоқоти вазири тандурустӣ бо бизишкони чинӣ

115
(Таҷдидшуда 16:39 25.05.2020)
Табибони чинӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва самимона сипосгузорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз бо табибони чинӣ, ки ба Тоҷикистон омаданд, мулоқот кард.

Абдуллозода  гуфт, ташрифи мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамзамон кӯмакҳои аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон воридшударо самараи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

“Қайд гардид, ки ҳадаф ва мақсад аз ташрифи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад”,-афзудааст Взорат.

Ва табибони чинӣ дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва самимона ташаккур гуфтанд.

Ёдовар мешавем, гуруҳи 14 нафараи табибон, аз ҷумла вирусологҳои чинӣ аз музофоти Шэнсии Чин бо парвози чартерии махсус ба Душанбе омаданд.

Министр здравоохранения и социальной защиты населения Таджикистана встретился с группой китайских врачей
Министр здравоохранения и социальной защиты населения Таджикистана встретился с группой китайских врачей

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, пизишкони чинӣ бо даъвати Рустами Эмомалӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷониби Чин дар баробари табибон, дар маҷмуъ, ба маблағи беш аз 700 ҳазор доллар кумак ирсол кардааст.

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл, гуруҳи 8 нафараи табибони ӯзбеки баъди 13 рӯзи кумак ба ҳамтоёни тоҷикашон баргаштанд. Ҳамчунин ҳоло чор нафари дигар аз табибони ҳамсоякишвар дар вилояти Суғд қарор доранд.

Бар пояи оморҳои ахир, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 2929 нафар мерасад. Аз ин беморӣ 46 тан ҳалок шудаанд.

115
Барчаспҳо:
мулоқот, Ҷамолиддин Абдуллоев, Вазорати тандурустии ҶТ, табибон, Чин, Тоҷикистон
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд

0
(Таҷдидшуда 18:20 25.05.2020)
Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

0
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ