Гуманитарная помощь от ВОЗ для борьбы против коронавируса

Фавти беш аз 2 ҳазор нафар дар Аврупо аз коронавирус

169
(Таҷдидшуда 15:10 16.03.2020)
Оморҳо нишон медиҳанд ибтило ба коронавирус то кунун муҷиби марги беш аз ду ҳазор нафар дар Аврупо шудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Мақомоти тандурустии кишварҳои аврупоӣ эълом карданд, шумори ашхоси мубтало ба коронавирус дар қорраи сабз ба беш аз 47 ҳазор нафар расид, хабар дод Парстудей.

Манбаъ афзуд, то ҳол ин беморӣ ба марги беш аз ду ҳазор нафар дар ин кишвар мунҷар шудааст.

Бар асоси гузориши манобеи тандурустии кишварҳои аврупоӣ, 297 нафар дар Испания, 127 нафар дар Фаронса, 35 нафар дар Британия ва 20 нафар дар Нидерландия бар асари ин беморӣ фавтиданд ва шумори қурбониёни коронавирус дар Аврупо аз марзи 2000 нафар убур кардааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, коронавирус киҳоро бештар мекушад

Мақомоти италияӣ низ аз марги ҳазору 809 нафар бар асари ибтило ба коронавирус хабар доданд. Расонаҳои Русия ҳам эълом кардаанд, ки дар Маскав ҳудуди ҳазор нафар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус карантин шудаанд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дастур додааст то аз имрӯз душанбе Шурои ҳамоҳангии байни дастгоҳҳо барои мубориза бо интишори коронавирус оғоз ба кор кунад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Аврупоро конуни нави коронавирус эълом кардааст.

Вируси нави корона, мавсум ба Ковид-19  моҳи декабри 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуда, акнун ба бисёри кишварҳои дунё сироят кардааст

169
Город Душанбе, архивное фото

“Мавҷи дуюм”–и шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон: мешавад ё не?

320
(Таҷдидшуда 15:18 30.05.2020)
Коҳиши якбораву ғайримунтазираи гирифториву фавт аз “вируси корона” дар Тоҷикистон гуфтугузорҳо дар бораи “мавҷи дуюм” – и шуюъи ин маризиро афзуда, идомаи қарантинаи эъломношуда мақомот ва сокинонро дудила кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Фахриддин Холбек. Бар оташи дудилагиҳои ҷомиаву мақомоти Тоҷикистон ин воқеиятҳо равған мерезанд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ иттифоқоти ғайримунтазирае дар ҷараёнанд.

Аз ҷумла Чин, хостгоҳи "вируси корона" ва аввалин кишваре, ки озодиашро аз ин маризӣ эълон кард, дубора аз шуюъ ва ҳатто қарантинаи ҳудуди 100 миллион нафар хабар дод. Ӯзбекистон, ки ба назар мерасид, корзорҳои зидди "вируси корона" – ро ба охир расондааст, дигарбора шоҳиди мавориди ҷамъии гирифторӣ дар қаламраваш шуд ва қарантинаи саросариро тамдид кард.

Таҳаввулоти ҷолибтареро ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон таҷриба мекунад, ки 24 феврал, тақрибан 20 рӯз қабл аз Ӯзбекистон аввалин мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро сабт карда буд. Ҳатто теъдоди гирифторон дар Афғонистон, ки то 1 май бамаротиб камтар аз Ӯзбекистон буд, ҳоло марзи 13,5 ҳазорро гузашта, нозирони аҳвол дар кишвар аз як фоҷиаи сиҳӣ суҳбат мекунанд.

Зоҳиран, ин таҳаввулот мақомоти зидахл ва мутахассисини Тоҷикистонро ба андеша водор кардааст ва касе пешбинӣ карда наметавонад, ки оё "мавҷи дуюм" шуданист ё хайр? Суоли беҷавоб Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мавзуъро бо мутахассисони кишварҳое, ки таҷрибаи бештари мубориза бо "вируси корона" – ро доранд, аз қабили Русия, Амрико, Чин ва дигарон матраҳ карда, аммо посухи дақиқ нагирифтаанд.

"Дуюм чизе, ки ҳоло таҳти омӯзиш қарор додаем, онҳоеанд, ки як бор мариз шуда, сиҳат ёфтаанд, аммо чанд рӯз пас дигарбора тасф кардаанд. Чаро чунин шуд? Оё табобат ниҳоӣ нашудааст, ё чӣ? Ба мо ҳадди ақал аз ҳамчунин як маврид гузориш шудааст. Аммо дар умум ҳеҷ далеле барои пеш омадан ё наомадани "мавҷи дуюм" надорем. Намешавад гуфт, ки кай ва чӣ тавр мешавад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Намуна Мустафоқулова, мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мегӯяд, гирифторӣ ба "вируси корона" вобаста ба масъуният ё иммунитети одам аст. Ӯ дар мисоли маризии диққи нафас мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон гуфт, ки ин маризӣ низ сад дар сад сиҳат меёбад, зеро боз дар ҳоли тамос бо барангезандаи худ аз нав хуруҷ хоҳад кард.

"Вируси корона" – ро ҳатто одамони солим доранд

Аммо агар масъунияти ин афрод ҳам паст шавад, аз гирифторӣ ҷои фирор надоранд. Мисоли дигар, сил маризии гузаранда аст ва ба онҳое мегузарад, ки масъунияти паст доранд. Вақте Шумо бозор рафта, сабзавот, мева ё чизҳои дигарро харидорӣ мекунед, аз куҷо медонед, ки дар онҳо "чӯбчамикроби Кох" – барангезандаи сил нест?

Эҳтимоли сироятёбӣ ҳама ҷо вуҷуд дорад. "Вируси корона" ҳам чунин аст. Аз ин хотир, устуворона гуфтани ин, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" мешавад ё намешавад, гапи беҳуда аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Чашм нарасад...

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо, ки мустақим дар мудирияти буҳрони "вируси корона" дар Тоҷикистон саҳм доранд, инро, ки дар шифохонаҳо теъдоди маризон коҳиш меёбад, таъйид мекунанд. Оморе, ки вазорати тандурустӣ дар бораи гирифториву фавт ва шифоёбии маризон ҳамарӯза дар ихтиёри ҷомиа мегузорад, низ ривоят аз дурнамои хушбинонае дорад.

Теъдоди мавориди мусбат, ба гунаи мисол, аз 204 мавриди 20 май ба 123 мавриди 29 май поён омада, то ба имрӯз аз 3686 гирифтори ин маризӣ дар кишвар 1769 кас шифо ёфта, 47 нафар ҳам фавтидаанд ва 1870 нафар ҳанӯз таҳти табобатанд. Тибқи омор, 29 май 331 нафар шифохонаҳоро тарк кардаанд ва агар ин тамоюл идома кунад, рӯзҳои башуморе мондаанд, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон маризе боқӣ намонад.

Ҳакима Аҳмедова мегӯяд, эҳтимол дорад то ҳафтаи дигар тамоми шифохонаҳои кишвар холӣ шаванд ё теъдоди хеле касире аз маризон дар онҳо боқӣ монанд, аммо ин анҷоми кор нахоҳад буд, то худи ибтило ё маризшавӣ анҷом наёбад ва ин худ як марҳалаи дурудароз аст.

"Чашм нарасад, ҳоло гирифторӣ якбора кам шуд. Вақте шифохонаҳо охирин маризро ҷавоб доданд, онҳое, ки мегӯянд, дар хонаҳои худ табобат меёбанд, ҳамагӣ ба по шаванду дигар касе мариз нашавад, вазорат ҳам пас аз ба даст овардани омор пурра хотирҷамъ шавад, он замон бо назардошти вазъи тамоми кишвар метавонем гӯем, ки маризӣ аз миён рафт. Аммо чанд моҳи дигар ҳам бояд мунтазир бошем, ки дар маризон аломатҳои "вируси корона" зоҳир мешавад ё не. Маҳз он замон мешавад мутмаин шавем, ки дигар 100% вирус нест", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Дойра зада, рақс кунед

Дар ҳоле, ки коршиносон коҳиши теъдоди маризонро аз байн рафтани "вируси корона" дар Тоҷикистон арзёбӣ намекунанд, суст кардани лаҷоми тадобирро низ ба маслиҳат намедонанд, балки мегӯянд, дар қиёс бо гузашта ҳушёртар бояд буд.

Намуна Мустафоқулова мегӯяд, бархӯрди инфиродӣ мебояд, зеро аз як сӯ, ҳама гирифтор намешавад, чун ҳудуди 70% - и инсонҳо иммунитети қавӣ доранд, аз сӯи дигар, агар инсон маризиҳои сил, камхунӣ, қанд, диққи нафас, дил ва ғайра дошта бошад, замонати гирифтор нашуданаш нест.

"Ҳама аз худи инсон вобаста, ки то куҷо осебпазир ҳаст ё нест. Ба қавли Ибни Сино, ҳама чӣ ба мизоҷи инсон бастагӣ дорад. Тасаввур кунед, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" ҳам иттифоқ афтад, боз кӣ осебпазир хоҳад буд? Боз ҳамон афроде, ки ҳамеша осебпазир буданду ҳастанд. Мантиқан, вазъ ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки қаблан ҳам буд", - гуфт мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, "вируси корона" ё COVID – 19 маризии кушанда ё табобатнашаванда нест ва онҳое, ки мефавтанд, ё сахт ба воҳима дода мешаванд, ё маризиҳои ҳамроҳ доранд.

"Замоне, ки дар Бухорову деҳоти атрофаш вабо меояд, ба назди Абӯалӣ ибни Сино мераванд, ки чӣ кор кунем? Аввалин, маслиҳаташон ин буд, ки гуфтанд, равед, рӯи бомҳо бароед ва дойра зада, рақс кунед. Чаро? Он кас хуб мефаҳмиданд, ки аввал руҳияи мардумро бояд бардошт. Руҳафтодагиву яъс масъунияти мардумро паст ва организми онҳоро заифу осебпазир мекунад. Ман 100% бо итминон ба Шумо мегӯям: нисфи маризон аз воҳима мефавтанд. Воҳима як чизи хеле хатарнок аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Кор тамом нашудааст

Дар ҳамин ҳол, воқеияти дигаре, ки мутахассисонро нороҳат кардааст, дар пайи коҳиши гирифториву фавт ва холӣ шудани шифохонаҳо ба кӯчаҳо рехтани мардум аст. Ҳакима Ахмедова мегӯяд, ҳукумат ба хотири корҳои профилактикӣ ҳар ҷоеро, ки зарур буд, баст ва ҳоло мардум бояд мувозиби ҳоли худ бошанд, ки дигарбора балоро ба сари худ наоранд.

"Имкон надорад, ки ҳар касро аз дасташ дошта бигӯӣ, хона даромада, шин! Маданияти тиббии мардум бояд баланд бошад ва дарк намояд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд чӣ гуна рафтор кунад. Ҳар кас бояд фикри худашро кунад. Агар ҳама хуб буд, он маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат ҷорӣ шуда буданд, бардошта мешуданд. Чун бардошта нашудаанд, бояд дарк кард, ки кор ҳам тамом нашудааст", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ин ду мутахассисе, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ ва дар мудирияти буҳрони "корона" саҳм мегиранд, мегӯянд, ҳамоно мардум гигиенаву фосилаи иҷтимоиро бояд риоя кунанд ва аз ахбор ба таври худ хулоса карда, тасмим нагиранд.

320
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Раиси вилояти Суғд ва Қурбон Тӯраев

Вазъи вазнини Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан

656
(Таҷдидшуда 14:34 30.05.2020)
Қурбон Тӯраев, собиқ раиси Истаравшан ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон низ вахим арзёбӣ мешавад. Субҳи имрӯз бародари ӯ, сиёсатмадори маъруф Сайфиддин Тӯраев даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.Султон Тӯраев, директори ширкати "Хуросони Истаравшан", узви дигари хонадони маъруфи Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш низ рӯзҳои ахир ба вахомат гароид.

"Ҳоло он кас таҳти табобати пизишкон ҳастанд. Тасфашон баланд аст. Аз Худованд умедворем, ки ба он кас шифо диҳад", - гуфт Султон Тӯраев.

Қурбон Тӯраев соли 1943 дар маҳаллаи Гузари Боғи шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд аст.

Ӯ солҳо раиси Кумитаи Ҳизби Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ (1976 – 1987), Мастчоҳ (1987 – 1989) ва шаҳри Ӯротеппа (1990 – 1992) буд.

Пас аз соли 1992 дар симати вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1990 узви Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда, яке аз чеҳраҳои муассири сиёсатҳои ин айёми таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешуд.

Қурбон Тӯраев яке аз иштирокдорони иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ӯ Кумитаи муросои иборат аз 40 намояндаи мардумро, ки бояд як ваҳдати миллиро ба вуҷуд меовард, раҳбарӣ мекард. Дар ин иҷлосия президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ, амалан раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд.

Аммо шояд мондагортарин кори таърихии ӯ ва бародараш Сайфиддин Тӯраев ин буда, ки дар хунсо кардани тарҳи ҷудосозии вилояти собиқ Ленинобод аз Тоҷикистон ва ба Ӯзбекистон ҳамроҳ кардани он ширкати фаъол дошта, дар ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон саҳм доштааст.

Яке аз шоҳидони он рӯзҳо, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 1993 дар Душанбе бояд сессияи Шӯрои олӣ таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, ки ба далели ширкат накардани вакилони вилояти собиқ Ленинобод ва ҳосил нашудани кворум лағв гардид.

"Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вақти вилоят дар шаҳри Хуҷанд дар ин миёни иҷлосияи вакилони халқи вилоятро даъват карда, масъалаи ҷудо кардани вилоят ва ба ҳайати Ӯзбекистон ворид намудани онро ба миён гузошт. Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, ки худ узви Шӯрои Олӣ буданд, ин ҷаласаро ба иғтишош кашида, Ҳомидовро аз толор ронданд. Сипас вакилони халқро аз хонаҳояшон ҷамъ оварда, бо чархболе, ки дар Дашти Қизилии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) аз Душанбе омада буд, онҳоро ба пойтахт интиқол доданд", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сайфиддин Тӯраев, бародари Қурбон Тӯраев, субҳи имрӯз, 30 май, бар асари маризии дил олами фониро тарк кард.

656
Барчаспҳо:
вазъият, раис, Истаравшан
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон