Город Душанбе, архивное фото

Даъвати вазорат аз аҳолӣ: хабарҳои дурӯғро бовар накунед, дар Тоҷикистон коронавирус нест

2528
(Таҷдидшуда 10:44 25.03.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҳаммаи шаҳрвандони кишвар даъвта кардааст, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар,  то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он дар мамлакат рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамрӯза дар  Вазорати тандурустӣ  ҷалсаи ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ду маротиба баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбутаи сирояти коронавирус, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунандаи он  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли вируси мазкур ба мамлакат баргузор гардид.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутаассифона рӯз то рӯз  хуруҷи сирояти мазкур дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст: “Аз ин рӯ, вазъи сирояти мазкур дар ҷаҳон моро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли вируси мазкур ба кишвар боз ҳам чораҳои қатъии пешгирикунандаро пурзӯр намоем”,-афзуд ӯ.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шудаст, ки аз 1  феврал то 24 марти соли равон 5179  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 2023 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3156 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, муовини вазир  дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан ва захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ  барои пешгирии сирояти коронавирус, муҳайё намудани шароити мусоид ба нафарони дар карантин қарор дошта ва дигар масъалаҳои дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2528
Барчаспҳо:
супориш, ҷаласа, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон