Алишер Усмонов, акс аз бойгонӣ

Карантини Усмонов дар Тошканд: суҳбаташ аз пулу ҷон ва дуои миллиардер

2248
(Таҷдидшуда 12:57 25.03.2020)
Алишер Усмонов, миллиардери ӯзбектабори Русия, мегӯяд, шомили гуруҳи осебпазир аз коронавирус мебошаду феълан дар ватани таърихияш дар Тошканд дар худинзивоъ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 25 мар— Sputnik. Усмонов мегӯяд, пеши пандемияи коронавирус ҳама баробаранд ва дар ин вақти мушкил талафоти молӣ аҳамияти охириндараҷа доранд.

Ӯ дар суҳбат бо Forbes Russia изҳор доштааст, ки дар Тошканд дар карантин қарор дорад, чун ба гуруҳи осебпазир шомил мебошад.

Миллиардер таъкид кардаст, ки коронавирус на танҳо ба тиҷорат, балки ба тамоми бозори ҷаҳонӣ зарба зад.

“Бидуни шак, пандемияи коронавирус ба тиҷорат ва ҳамчунин мутаассифона ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир дорад. Соҳибкорон на танҳо дороиҳо, балки уҳдадориҳо низ доранд. Барояшон ҳам вирус ва ҳам мавҷи иттилоотие, ки бозорҳоро ба талотум меорад, хатар дорад. Пеши пандемия ҳама баробаранд, Худо насиб кунад, ки ҷон ба саломат барем”, - таъкид кардааст Усмонов.

Ӯ муҳим хондаст, ки барои саломатию хушбахтии одамон роҳбарони давлатҳо ирода нишон диҳанду сарфи назар аз мухолифатҳои геополитикӣ дар баробари ин хатари ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд.

Тибқи иттилои мақомоти тандурустӣ ба ҳолати 25 март теъдоди гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 422 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

2248
Барчаспҳо:
ошкори вирус, Алишер Усмонов, Ӯзбекистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2807
(Таҷдидшуда 14:06 13.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмим гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2807
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках

Омори ҷадиди шифоёфтагону фавтидагон аз СOVID 19 дар Эрон

112
(Таҷдидшуда 21:26 12.08.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2,5 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба COVID – 19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, то ҳол беш аз 290 ҳазор мубталои COVID – 19 дар кишвар шифо ёфтаанд.

“Дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 510 бемори ҷадиди мубтало ба COVID – 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки бар ин асос маҷмӯи беморони COVID – 19 дар Эрон ба 333 ҳазору 699 нафар расидааст”, - хабар дод Парстудей аз қавли Вазорати беҳдошт.

Манбаъ афзуд, дар 24 соати гузашта 188 нафар аз беморони COVID – 19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 18 ҳазору 988 нафар расидааст.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 290 ҳазору 244 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 20 миллиону 550 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 746 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва дастикам 13 миллиону 465 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

112
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Эрон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

0
Шоири маҳбуби тоҷик дар синни 75-солагӣ дар бемористон ҷон додааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш вай дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед"

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, шоири шаҳири Гулназар Келдӣ имрӯз, 13 авгузст дар бемористон даргузашт, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Хабари даргузашти шоирро дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон низ тасдиқ мекунанд.

Гулназар Келдӣ , ки чанд рӯз пеш бар асари беморӣ ба бемористон интиқол дода шуда буд, дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Маълумот ба зуддӣ пурра мешавад.

 

 

0