Девушка в медицинской маске в торговом зале

Эҳтимоли тамдиди истироҳати маскавиҳо дар робита ба паҳншавии коронавирус

237
(Таҷдидшуда 13:44 27.03.2020)
Чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Маскав, бо дарназардошти вазъият роҳандозӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҳукумати Маскав авохири ҳафтаи оянда, қарор дар бораи тамдиди истироҳат дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирусро эълом хоҳад кард, гуфт, муовини шаҳрдор Анастасия Ракова дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".

Ӯ шарҳ дод, ки феълан қарори истироҳати маскавиҳо танҳо барои як ҳафта қабул шуд ва ҳафтаи оянда бодарназардошти вазъияти паҳншавии коронавирус қарорҳои дигар қабул хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда аз 28 март то 5 апрелро рӯзҳои истироҳат эълом кард.

Дар баробари ин музди кори ҳар коргар чун рӯзҳои корӣ пардохт мешавад.

Президенти Русия аллакай қарори мазкурро имзо кард.

Кишвардор қайд кард, ки чунин қарор суръати паҳншавии коронавирусро дар ҳудуди кишвар паст хоҳад кард.

Ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин дар дидор бо соҳибкорони кишвар пешгӯӣ кард, ки Русия дар давоми ду-се моҳ коронавирусро решакан хоҳад кард, дар сурате, ки дигар давлатҳо мубориза бо вирусро идома хоҳанд хоҳанд дод.

237
Барчаспҳо:
вирус, истироҳат, Маскав
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

9
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

9
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

988
Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, мегӯяд, истифодаи ин маҳлул, эҳтимоли сирояти дигаронро 99 фоиз кам карда, барои духтурону бемордорон хатари сироятёбӣ қариб аз байн меравад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда (спрей)-ро ба роҳ мондаст, ки “Антиковид-19” ном дорад

Маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад, хабар додаст нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Садои мардум”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳикматов муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад.

“Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули “Антиковид-19” истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Нашрия навиштааст, ки яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи “Антиковид-19” дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад.

“Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанад”, - омадааст дар матлаб.

988
Барчаспҳо:
истеҳсол, дорусозӣ, дору, сироят, Тоҷикистон