Президент РФ Владимир Путин

Оё коронавирус зиндагии Путинро дигаргун кард?

888
(Таҷдидшуда 18:25 27.03.2020)
То имрӯз бо вируси COVID-19 - 532 ҳазор кас дар ҷаҳон сироят шуда, 24 ҳазор нафар ҷон бохту 122 ҳазор кас шифо ёфт. Дар Русия аллакай беш аз 1000 нафар мубталои коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik.  Чӣ гуна зиндагии Владимир Путин пас аз паҳншавии коронавирус дигар шуд, дар ин бора сухангӯи кишвардор Дмитрий Песков нақл кард.

"Табиист, ки сухан оиди чораҳои иловагии пешгирикунанда - ҳамон чораҳои беҳдоштӣ ва дигар чораҳое, ки бояд доиман риоя шаванд, меравад. Ва ҳамаи ин дар доираи реҷаи корӣ, гарчанде чорабиниҳои оммавӣ камтар шудаанд", гуфт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чӣ гуна ҳаёт ва одатҳои шахсии Путин дар вазъияти пандемия тағйир ёфт.

Дар баробари ин, сухангӯи дастгоҳи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков сироятшавии як узви дастгоҳи президентро тасдиқ карда афзуд, ки ӯ бо Владимир Путин тамос надоштааст.

Гуфта мешавад, нафари сироятёфта бо сарояндаи машҳури Русия Лев Лешенко дар як чорабинӣ иштирок намудааст, аммо бо ҳам тамоси наздик надоштанд.

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як шабонарӯз 196 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Маскав 157 кас дар Крим 12 ва дар вилояти Маскав 8 кас мубталои коронавирус шуданд. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 1036 кас расид.

888
Барчаспҳо:
зиндагӣ, Владимир Путин, вирус, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)
Город Душанбе, архивное фото

“Мавҷи дуюм”–и шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон: мешавад ё не?

912
(Таҷдидшуда 15:18 30.05.2020)
Коҳиши якбораву ғайримунтазираи гирифториву фавт аз “вируси корона” дар Тоҷикистон гуфтугузорҳо дар бораи “мавҷи дуюм” – и шуюъи ин маризиро афзуда, идомаи қарантинаи эъломношуда мақомот ва сокинонро дудила кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Фахриддин Холбек. Бар оташи дудилагиҳои ҷомиаву мақомоти Тоҷикистон ин воқеиятҳо равған мерезанд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ иттифоқоти ғайримунтазирае дар ҷараёнанд.

Аз ҷумла Чин, хостгоҳи "вируси корона" ва аввалин кишваре, ки озодиашро аз ин маризӣ эълон кард, дубора аз шуюъ ва ҳатто қарантинаи ҳудуди 100 миллион нафар хабар дод. Ӯзбекистон, ки ба назар мерасид, корзорҳои зидди "вируси корона" – ро ба охир расондааст, дигарбора шоҳиди мавориди ҷамъии гирифторӣ дар қаламраваш шуд ва қарантинаи саросариро тамдид кард.

Таҳаввулоти ҷолибтареро ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон таҷриба мекунад, ки 24 феврал, тақрибан 20 рӯз қабл аз Ӯзбекистон аввалин мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро сабт карда буд. Ҳатто теъдоди гирифторон дар Афғонистон, ки то 1 май бамаротиб камтар аз Ӯзбекистон буд, ҳоло марзи 13,5 ҳазорро гузашта, нозирони аҳвол дар кишвар аз як фоҷиаи сиҳӣ суҳбат мекунанд.

Зоҳиран, ин таҳаввулот мақомоти зидахл ва мутахассисини Тоҷикистонро ба андеша водор кардааст ва касе пешбинӣ карда наметавонад, ки оё "мавҷи дуюм" шуданист ё хайр? Суоли беҷавоб Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мавзуъро бо мутахассисони кишварҳое, ки таҷрибаи бештари мубориза бо "вируси корона" – ро доранд, аз қабили Русия, Амрико, Чин ва дигарон матраҳ карда, аммо посухи дақиқ нагирифтаанд.

"Дуюм чизе, ки ҳоло таҳти омӯзиш қарор додаем, онҳоеанд, ки як бор мариз шуда, сиҳат ёфтаанд, аммо чанд рӯз пас дигарбора тасф кардаанд. Чаро чунин шуд? Оё табобат ниҳоӣ нашудааст, ё чӣ? Ба мо ҳадди ақал аз ҳамчунин як маврид гузориш шудааст. Аммо дар умум ҳеҷ далеле барои пеш омадан ё наомадани "мавҷи дуюм" надорем. Намешавад гуфт, ки кай ва чӣ тавр мешавад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Намуна Мустафоқулова, мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мегӯяд, гирифторӣ ба "вируси корона" вобаста ба масъуният ё иммунитети одам аст. Ӯ дар мисоли маризии диққи нафас мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон гуфт, ки ин маризӣ низ сад дар сад сиҳат меёбад, зеро боз дар ҳоли тамос бо барангезандаи худ аз нав хуруҷ хоҳад кард.

"Вируси корона" – ро ҳатто одамони солим доранд

Аммо агар масъунияти ин афрод ҳам паст шавад, аз гирифторӣ ҷои фирор надоранд. Мисоли дигар, сил маризии гузаранда аст ва ба онҳое мегузарад, ки масъунияти паст доранд. Вақте Шумо бозор рафта, сабзавот, мева ё чизҳои дигарро харидорӣ мекунед, аз куҷо медонед, ки дар онҳо "чӯбчамикроби Кох" – барангезандаи сил нест?

Эҳтимоли сироятёбӣ ҳама ҷо вуҷуд дорад. "Вируси корона" ҳам чунин аст. Аз ин хотир, устуворона гуфтани ин, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" мешавад ё намешавад, гапи беҳуда аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Чашм нарасад...

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо, ки мустақим дар мудирияти буҳрони "вируси корона" дар Тоҷикистон саҳм доранд, инро, ки дар шифохонаҳо теъдоди маризон коҳиш меёбад, таъйид мекунанд. Оморе, ки вазорати тандурустӣ дар бораи гирифториву фавт ва шифоёбии маризон ҳамарӯза дар ихтиёри ҷомиа мегузорад, низ ривоят аз дурнамои хушбинонае дорад.

Теъдоди мавориди мусбат, ба гунаи мисол, аз 204 мавриди 20 май ба 123 мавриди 29 май поён омада, то ба имрӯз аз 3686 гирифтори ин маризӣ дар кишвар 1769 кас шифо ёфта, 47 нафар ҳам фавтидаанд ва 1870 нафар ҳанӯз таҳти табобатанд. Тибқи омор, 29 май 331 нафар шифохонаҳоро тарк кардаанд ва агар ин тамоюл идома кунад, рӯзҳои башуморе мондаанд, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон маризе боқӣ намонад.

Ҳакима Аҳмедова мегӯяд, эҳтимол дорад то ҳафтаи дигар тамоми шифохонаҳои кишвар холӣ шаванд ё теъдоди хеле касире аз маризон дар онҳо боқӣ монанд, аммо ин анҷоми кор нахоҳад буд, то худи ибтило ё маризшавӣ анҷом наёбад ва ин худ як марҳалаи дурудароз аст.

"Чашм нарасад, ҳоло гирифторӣ якбора кам шуд. Вақте шифохонаҳо охирин маризро ҷавоб доданд, онҳое, ки мегӯянд, дар хонаҳои худ табобат меёбанд, ҳамагӣ ба по шаванду дигар касе мариз нашавад, вазорат ҳам пас аз ба даст овардани омор пурра хотирҷамъ шавад, он замон бо назардошти вазъи тамоми кишвар метавонем гӯем, ки маризӣ аз миён рафт. Аммо чанд моҳи дигар ҳам бояд мунтазир бошем, ки дар маризон аломатҳои "вируси корона" зоҳир мешавад ё не. Маҳз он замон мешавад мутмаин шавем, ки дигар 100% вирус нест", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Дойра зада, рақс кунед

Дар ҳоле, ки коршиносон коҳиши теъдоди маризонро аз байн рафтани "вируси корона" дар Тоҷикистон арзёбӣ намекунанд, суст кардани лаҷоми тадобирро низ ба маслиҳат намедонанд, балки мегӯянд, дар қиёс бо гузашта ҳушёртар бояд буд.

Намуна Мустафоқулова мегӯяд, бархӯрди инфиродӣ мебояд, зеро аз як сӯ, ҳама гирифтор намешавад, чун ҳудуди 70% - и инсонҳо иммунитети қавӣ доранд, аз сӯи дигар, агар инсон маризиҳои сил, камхунӣ, қанд, диққи нафас, дил ва ғайра дошта бошад, замонати гирифтор нашуданаш нест.

"Ҳама аз худи инсон вобаста, ки то куҷо осебпазир ҳаст ё нест. Ба қавли Ибни Сино, ҳама чӣ ба мизоҷи инсон бастагӣ дорад. Тасаввур кунед, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" ҳам иттифоқ афтад, боз кӣ осебпазир хоҳад буд? Боз ҳамон афроде, ки ҳамеша осебпазир буданду ҳастанд. Мантиқан, вазъ ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки қаблан ҳам буд", - гуфт мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, "вируси корона" ё COVID – 19 маризии кушанда ё табобатнашаванда нест ва онҳое, ки мефавтанд, ё сахт ба воҳима дода мешаванд, ё маризиҳои ҳамроҳ доранд.

"Замоне, ки дар Бухорову деҳоти атрофаш вабо меояд, ба назди Абӯалӣ ибни Сино мераванд, ки чӣ кор кунем? Аввалин, маслиҳаташон ин буд, ки гуфтанд, равед, рӯи бомҳо бароед ва дойра зада, рақс кунед. Чаро? Он кас хуб мефаҳмиданд, ки аввал руҳияи мардумро бояд бардошт. Руҳафтодагиву яъс масъунияти мардумро паст ва организми онҳоро заифу осебпазир мекунад. Ман 100% бо итминон ба Шумо мегӯям: нисфи маризон аз воҳима мефавтанд. Воҳима як чизи хеле хатарнок аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Кор тамом нашудааст

Дар ҳамин ҳол, воқеияти дигаре, ки мутахассисонро нороҳат кардааст, дар пайи коҳиши гирифториву фавт ва холӣ шудани шифохонаҳо ба кӯчаҳо рехтани мардум аст. Ҳакима Ахмедова мегӯяд, ҳукумат ба хотири корҳои профилактикӣ ҳар ҷоеро, ки зарур буд, баст ва ҳоло мардум бояд мувозиби ҳоли худ бошанд, ки дигарбора балоро ба сари худ наоранд.

"Имкон надорад, ки ҳар касро аз дасташ дошта бигӯӣ, хона даромада, шин! Маданияти тиббии мардум бояд баланд бошад ва дарк намояд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд чӣ гуна рафтор кунад. Ҳар кас бояд фикри худашро кунад. Агар ҳама хуб буд, он маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат ҷорӣ шуда буданд, бардошта мешуданд. Чун бардошта нашудаанд, бояд дарк кард, ки кор ҳам тамом нашудааст", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ин ду мутахассисе, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ ва дар мудирияти буҳрони "корона" саҳм мегиранд, мегӯянд, ҳамоно мардум гигиенаву фосилаи иҷтимоиро бояд риоя кунанд ва аз ахбор ба таври худ хулоса карда, тасмим нагиранд.

912
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)
Раиси вилояти Суғд ва Қурбон Тӯраев

Вазъи вазнини Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан

1041
(Таҷдидшуда 14:34 30.05.2020)
Қурбон Тӯраев, собиқ раиси Истаравшан ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон низ вахим арзёбӣ мешавад. Субҳи имрӯз бародари ӯ, сиёсатмадори маъруф Сайфиддин Тӯраев даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.Султон Тӯраев, директори ширкати "Хуросони Истаравшан", узви дигари хонадони маъруфи Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш низ рӯзҳои ахир ба вахомат гароид.

"Ҳоло он кас таҳти табобати пизишкон ҳастанд. Тасфашон баланд аст. Аз Худованд умедворем, ки ба он кас шифо диҳад", - гуфт Султон Тӯраев.

Қурбон Тӯраев соли 1943 дар маҳаллаи Гузари Боғи шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд аст.

Ӯ солҳо раиси Кумитаи Ҳизби Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ (1976 – 1987), Мастчоҳ (1987 – 1989) ва шаҳри Ӯротеппа (1990 – 1992) буд.

Пас аз соли 1992 дар симати вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1990 узви Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда, яке аз чеҳраҳои муассири сиёсатҳои ин айёми таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешуд.

Қурбон Тӯраев яке аз иштирокдорони иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ӯ Кумитаи муросои иборат аз 40 намояндаи мардумро, ки бояд як ваҳдати миллиро ба вуҷуд меовард, раҳбарӣ мекард. Дар ин иҷлосия президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ, амалан раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд.

Аммо шояд мондагортарин кори таърихии ӯ ва бародараш Сайфиддин Тӯраев ин буда, ки дар хунсо кардани тарҳи ҷудосозии вилояти собиқ Ленинобод аз Тоҷикистон ва ба Ӯзбекистон ҳамроҳ кардани он ширкати фаъол дошта, дар ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон саҳм доштааст.

Яке аз шоҳидони он рӯзҳо, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 1993 дар Душанбе бояд сессияи Шӯрои олӣ таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, ки ба далели ширкат накардани вакилони вилояти собиқ Ленинобод ва ҳосил нашудани кворум лағв гардид.

"Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вақти вилоят дар шаҳри Хуҷанд дар ин миёни иҷлосияи вакилони халқи вилоятро даъват карда, масъалаи ҷудо кардани вилоят ва ба ҳайати Ӯзбекистон ворид намудани онро ба миён гузошт. Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, ки худ узви Шӯрои Олӣ буданд, ин ҷаласаро ба иғтишош кашида, Ҳомидовро аз толор ронданд. Сипас вакилони халқро аз хонаҳояшон ҷамъ оварда, бо чархболе, ки дар Дашти Қизилии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) аз Душанбе омада буд, онҳоро ба пойтахт интиқол доданд", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сайфиддин Тӯраев, бародари Қурбон Тӯраев, субҳи имрӯз, 30 май, бар асари маризии дил олами фониро тарк кард.

1041
Барчаспҳо:
вазъият, раис, Истаравшан
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешаванд: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

0
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

0