Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото

Супоришҳои Шодихон Ҷамшед ба масъулин барои омодагӣ ба вазъи фавқулода

2243
(Таҷдидшуда 15:52 28.03.2020)
Раҳбарони Муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамше дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқулода, дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Рӯзи 27 март дар назди  муовини вазири тандурустии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед  ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави  COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда, баррасӣ шудааст.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : дар ИМА аз 100 ҳазор гузашт

Дар ҷаласа, кормандони Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намудаанд.

Шодихон Ҷамшед, оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба корҳои анҷомдодаи вазорат ҷиҳати пешгирии сироати коронавируси нави  COVID-2019 мухтасар гуфтааст.

Гурезӣ ҳам, пайдот мекунем! вазорат дар бораи “ковидиот” - карантингурезҳо

Юсуфзода Фахриддин, мудири Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мӯҳтавои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави  COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда  иштирокдорони ҷаласаро шинос намудааст.

Дастури вазорати тандурустӣ: назорати қатъии гузаргоҳҳои марзӣ ва қарантини воридшавандаҳо

Дар анҷом раҳбарони Муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамше дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқуллода дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд.

2243
Барчаспҳо:
ҳолати фавқуллода, вазъият, вазъ, вирус, Шодихон Ҷамшед, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (738)

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

152
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

152
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

250
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

250
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия