Sergei Sobyanin

Собянин аз марҳилаи нави паҳншавии коронавирус дар Маскав хабар дод

841
(Таҷдидшуда 14:12 29.03.2020)
Ба гуфти раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин шумораи мубталоёни коронавирус дар Маскав рӯз то рӯз бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Вазъияти паҳншавии коронавирус дар Маскав ба марҳилаи нав гузашт, изҳор дошт мири шаҳр Сергей Собянин.

Ба гуфти раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин шумораи мубталоёни коронавирус дар Маскав рӯз то рӯз бештар мешавад.

"Дар Маскав аллакай беш аз ҳазор мубталои коронавирус сабт шудааст", - гуфт Сергей Собянин.

Дар баробари ин раиси шаҳри Маскав қайд кард, ки аксари сокинон ба маслиҳати ҳукумат гӯш дода дар манзилҳояшон монданд.

Ёдрас мешавем, ки то рӯзи 28 март дар ҳудуди Русия 1264 кас гирифтори вируси навъи COVID - 19 гардидааст.

Дар робита бо паҳншавии густурдаи коронавирус дар Русия, президенти ин кишвар Владимир Путин аз 28 март то 5 апрелро рӯзҳои таътил эълон кард.

Пизишкон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки бо тақдир бозӣ накунанд ва дар вақти таътил ба берун набароянд.

Омори охири Ӯзбекистон дар бораи гирифторону сиҳатёфтаҳо аз коронавирус

Пандемияи коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То рӯзи 29 март дар 199 кишвари ҷаҳон 663,8 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 30,8 нафар қурбони ин вирус шуд.

Ва хушбахтона беш аз 142,3 ҳазор кас аз он шифо ёфт.

841
Барчаспҳо:
вирус, Москва, Сергей Собянин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

7
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

7
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина

Паём аз "вируси корона": як бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз "илтиҳоби шуш" холӣ шуд

707
(Таҷдидшуда 21:17 25.05.2020)
Ба ҳолати 25 - уми май яке аз ду бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар аз сироятёфтагони “илтиҳоби шуш” ё бемории “вируси корона” холи шуд

Душанбе, 25 май – Sputnik. Муродҷон Ҷураев, сартабиби ноҳияи бо исми Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-уми май гурӯҳи 11 нафараи беморон аз бемористони № 2 воқеъ дар ҷаомати Ёва и ноҳия мураххас рухсат шуданд ва ба ин ҳол, ин яке аз бемористонҳои лозим барои табобати гирифторони "илтиҳоби шуш" холӣ мондааст.

"Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ду беморхона яке дар ҷамоати Ёва барои беш аз 40 рахти хоб ва дуюми дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов дорои 100 кати беморӣ, барои муолиҷаи беморони “илтиҳоби шуш” омода карда шудаанд. Рӯзи 23 уми май 11 нафар аз бемористони ҷамоати Ёва ба манзилҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло дар он ягон гирифтори “илтиҳоби шуш” боқӣ намондааст", - гуфт сартабиб.

Бино ба иттилоъи Ҷураев, то рӯзи 23 уми май дар бемористонии № 2 и ҷамоати Ёва, беш аз 200 нафар аз шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи манобеи наздик ба Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 то ин замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 600 мавриди “илтиҳоби шуш” сапт шуда, бештар аз 550 нафар аз бемористонҳои ҷамоатҳои Ёва ва Ҳайдар Усмонов шифо ёфта, кам ё беш аз 5 нафар аз теъдоди шумори беморон фавтидаанд. Ҳоло ҳудуди 27 нафар дар бемористони воқеъ дар ҷаомати Ҳайдар Усмонов таҳти тадовии духтурон қарор доранд.

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ феълан аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дилбар Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зарфи ду се рӯзи охир ҳолатҳои гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” коҳиш ёфта ва ба ин далел ҳоло зарурати бистарӣ кардани беморон дар бемористони № 2 дар ҷамоати ноҳия боқӣ намондааст.

"Ин бемористон дар авҷи хуруҷ маризӣ, барои табобати маризии “вируси корона” тайёр карда шуд. Ҳоло, ки шиддати ин беморӣ поён шудааст, рӯзҳои наздик ин беморхона ба мисли пештара ба фаъолияти маъмулӣ баргардонида мешавад", - гуфт Турсунзода.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, ҳоло аз аввалин ноҳияҳое дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба гуфтаи масъулин бемористонаш аз тоза шудани гирифторони “вируси корона” муваффақ шудааст.

Чанде пеш ҳам баъзе дигар аз шаҳру навоҳии кишвар аз коҳишёбии гирифторони “илтиҳоби шуш” дар бемористонҳо хабар доданд. Аммо масъулин ва табибон таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегуянд, барои пурра нобуд шудани “вируси корона” нақши сокинон ҳам муҳим аст ва ин корро бо риояи гигенаи тиббӣ, ҳар яке метавонад ба иҷро расонад.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

"Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст", - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки имрӯз 25 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3100 нафар баробар шуда, то кунун 1395 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 46 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

707
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)