Медицинский работник берет образец мазка для тестирования на коронавирус COVID-19

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд: 11 ҳолат дар як рӯз

1593
Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз дар Ӯзбекистон 144 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Ӯзбекистон, давоми як рӯзи охир, шумораи мубталои коронавирус 11 нафар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

"Теъдоди ҳодисаҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон 11 нафар афзуда, шумори умумии он ба 144 расидааст", - гуфтанд вазорати тандурустӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, табибон тавонистаанд ҳафт нафарро табобат кунанд, аммо ду нафари дигар фавтиданд.

Ёдовар мешавем нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризӣ, тадобири шадидро рӯйи даст гирифтааст.

Сар аз 25 – уми март гаштугузор дар шаҳр бидуни пӯшидани ниқоби тиббӣ комилан манъ гардидааст. Ҳамчунин шурӯъ аз 24 – уми март равуойи нақлиёти ҷамъиятӣ миёни манотиқҳои Ӯзбекистон низ мамнӯъ шуда.

Дар Тошканд аз 22 – юми март ва дар Бухоро аз 24 – уми март ва дар чанд шаҳри дигари ин кишвар ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тамоман манъ гардида, карантин эълон шудааст.

Субҳи имрӯз низ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракат тавассути худравҳои шахсӣ пурра қатъ гардид.

1593
Барчаспҳо:
вирус, Ӯзбекистон, Вазорати тандурустӣ
Активисты гражданского общества осведомляют о новом коронавирусе в Кабуле

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

6
Шабонарӯзи охир дар Афғонистон 591 ҳолати нави сироят ёфтани коронвирус ба қайд гирифта шуда, як нафар аз ин беморӣ ҷон додаст

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Дар Афғонистон, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад Tolo News.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, давоми 24 соати охир дар ҷумҳурӣ 591 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии мубталоён ба ин беморӣ ба 11 582 нафар расид.

 Гузашта аз ин, дар давоми як рӯзи охир танҳо як нафар фавтида ва 22 нафар беморон табобат ёфтанд.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввал авҷи сирояти коронавирус ба Эрон расида, сипас ба Афғонистон ҳамсояи он интиқол ёфт.

Аввалин гирифтори беморӣ дар ин кишвар танҳо дар вилояти Ҳирот, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, пайдо шуда буд.

Пас аз чанде, дар Вазорати Тандурустии Афғонистон пешгӯӣ карда шуд, ки тибқи он 80% аҳолии ин кишвар коронавирусро аз сар мегузаронад.

6
Барчаспҳо:
маризон, гирифторон, омор, вирус, Афғонистон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Оҷил: 2 ҳолати мусбат ва 70 ҳолати машкук дар миёни мусофирони аз Туркия омада

585
(Таҷдидшуда 18:02 25.05.2020)
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Бино ба ин манобеъ, санҷиши 2 нафар мусбат баромада, ҳудуди 70 нафаре, ки бо онҳо тамос доштанд ва эҳтимоли сироят шуданашон мавҷуд аст, таҳти муроқибат гирифта шудаанд.

“Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи шанбеи гузашта, 23 май, 194 шаҳрванди ин кишвар, ки дар Туркия тайи ду моҳи ахир дар монда буданд, бо як парвози ширкати “Turkish Airlines” ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин мусофирон аз 18 март ба ин сӯ дар Истанбул банд монда буданд. Онҳо дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, қарантина шуда буданд.

“Қарор буд имрӯз ҳамаро рухсат кунанд, аммо ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” зарурати дигарбора санҷидани мусофиронро ба вуҷуд овард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба ин манбаъ, дар миёни мусофирини аз Туркия омада, афроди калонсол ва онҳое, ки ҷиҳати тадовӣ ба Туркия рафта буданд, низ ҳузур доранд.

585
Барчаспҳо:
мусофирон, вирус, тест, шаҳрвандон, Туркия, Тоҷикистон