Город Душанбе, архивное фото

Хушвахт Ҳасанов: пинҳонсозии ҳолатҳои сироятёбӣ ба ҳукумату вазорат манфиате надорад

2014
Хушбахтона, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва барои асосноксозии гуфтаҳои худ хусусиятҳои беморӣ ва ҳолатҳои зуд паҳншавии онро мисол оварда метавонам, зеро он ҳеҷ имкони пинҳонсозӣ надорад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Хушвахт Ҳасанов, намояндаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ростои сарусадоҳои ахир ин нуктаро зимни як мусоҳиба бо “Ховар” изҳор доштааст.

Ба гуфти ӯ пинҳон намудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳеҷ манфиате надорад ва ҳеҷ зарурат ба пинҳон намудани ин беморӣ нест.

Ӯ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба ҳар гуна гапҳои беасос бовар накунанд, зеро тарсу ҳарос яке аз омилҳои мубтало гардидан ба дигар бемориҳо мебошад.

Номбурда гуфтааст, як омили асосии то имрӯз дар ҳудуди давлати мо ҷой надоштани ҳодисаҳои сирояти ин вирус- ин дар доираи амалисозии сиёсати  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандону мутахассисони соҳа роҳандозии чорабиниҳои асоснок мебошад.

“Махсусан аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории мазкур дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  ташкил намудани дидбонгоҳи назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ  ва  то имрӯз ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсоне, ки аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории коронавируси COVID-19 ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид мешаванд, мебошад”,- гуфтааст Ҳасанов.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ дар бораи нишонаҳои бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 гуфт, ба бемории зукоми мавсимӣ шабоҳати наздик дошта, давомнокии давраи беморӣ дар COVID-19 аз 2 то 6 ҳафтаро дар бар гирифта, дар 20 фисади мавридҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ таъсираш ба системаи муҳофизатии бадан ва системаи роҳи нафасу шуш сахттар мебошад.

“Аз ҷамлаи нишонаҳояш — ин дар 90 дар сади ҳолатҳо баландии ҳарорати бадан баробар ба 38-390 С, дар 80 фисади ҳолатҳо сулфаи хушк, дар 20 фоизи ҳолатҳо вазнинӣ дар қафаси сина, дар 15 дар сади ҳолатҳо нафастангӣ инчунин, дар баъзе мавридҳо паст гардидани ҳарорати бадан, дарди сар, шикамравӣ, таппиши баланди дил мушоҳида мешаванд”,-афзудааст Хушвахт Ҳасанов.

2014
Барчаспҳо:
омодагӣ, вирус, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Вакцинация, архивное фото

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

97
(Таҷдидшуда 19:49 25.05.2020)
Русия сар аз авоили тирамоҳи соли равон ба эмгузаронии сокинон аз маризии сироятии коронавирус шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус авоили тирамоҳ шурӯъ хоҳад шуд ва анқариб 6 - 9 моҳро дарбар хоҳад гирифт.

Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд

Дар ин бора мудири Маркази илмь - тадқиқотии ба номи Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиологияи Вазорати тандурустӣ Александр Гинтсбург дар барномаи "Зиндагии солим" дар шабакаи аввали телевизиони Русия ибрози назар дошт.

"Табиист, ки ба якборагӣ ҳамаро эмгузарондан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мӯҳлати эмкунии сартосарӣ аз 6 то 9 моҳро дарбар мегирад", афзудааст ӯ.

Вай илова намуд, ки организми инсон пас аз маротибаи дуюм рӯбарӯ шудан бо вирус ва ҳамзамон ду маротиба эм гирифтан, нисбати он масуният пайдо мекунад.

Қаблан мудири марказ изҳор дошта буд, ки аз авохири тобистон дар Русия ба маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус шурӯъ мекунанд. Вале ҳоло ба гуфтаи ӯ талошҳои ҳамаҷониба ба харҷ дода шудааст, ки ин маърака ҳар чӣ зудтар баргузор гардад.

Ба гуфтаи вай, озмоишҳои клиникии ваксинҳо натиҷаҳои хуб доданд ва  интизор меравад, эмгузаронӣ сар аз 15 - уми июн пас аз гирифтани иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шавад.

97
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Активисты гражданского общества осведомляют о новом коронавирусе в Кабуле

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

38
Шабонарӯзи охир дар Афғонистон 591 ҳолати нави сироят ёфтани коронвирус ба қайд гирифта шуда, як нафар аз ин беморӣ ҷон додаст

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Дар Афғонистон, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад Tolo News.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, давоми 24 соати охир дар ҷумҳурӣ 591 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии мубталоён ба ин беморӣ ба 11 582 нафар расид.

 Гузашта аз ин, дар давоми як рӯзи охир танҳо як нафар фавтида ва 22 нафар беморон табобат ёфтанд.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввал авҷи сирояти коронавирус ба Эрон расида, сипас ба Афғонистон ҳамсояи он интиқол ёфт.

Аввалин гирифтори беморӣ дар ин кишвар танҳо дар вилояти Ҳирот, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, пайдо шуда буд.

Пас аз чанде, дар Вазорати Тандурустии Афғонистон пешгӯӣ карда шуд, ки тибқи он 80% аҳолии ин кишвар коронавирусро аз сар мегузаронад.

38
Барчаспҳо:
маризон, гирифторон, омор, вирус, Афғонистон