Пассажиров отправляют на карантин

Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик беш аз 2000 нафар аз қарантина ҷавоб мешаванд

419
(Таҷдидшуда 14:36 12.04.2020)
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик 2014 нафаре, ки дар қарантина дар манотиқи гуногуни кишвар қарор доранд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Насим Олимзод, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки шумори ҳамватаноне, ки аз кишварҳои хориҷӣ бармегарданд ва ба қарантина гирифта мешаванд, рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд аст.

Ба гуфтаи вай, дар умум, то 9 апрел 7257 нафар ба қарантин фаро гирифта шуд.

“Аз ин хотир, зарур омад, ки ба ҷуз аз муассисаҳои тандурустӣ истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои дигар муассисаҳои вазорату кумитаҳо ва корхонаҳо низ мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, осоишгоҳҳои “Хоҷа Оби Гарм”, “Харангон” (ноҳияи Варзоб), “Оламбӣ” (шаҳри Роғун), осоишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи шароити будубош, муоинаву ташхиси тиббӣ, маводи доруворӣ, озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар ин муассисаҳо ба таври ройгон пешниҳод шуда истодааст”,- таъкид кард вазири тандурустӣ.

Олимзода зикр кард, ки то 9 апрели соли равон аз қарантин 5243 нафар ҷавоб шуда, 2014 нафар дар чунин ҳолат қарор дошта, рӯзҳои наздик онҳо низ ҷавоб дода мешаванд. Аз шумораи умумии онҳо 317 нафар шаҳрванди хориҷист, ки аз Афғонистон, Русия, Чин ва Ӯзбекистон мебошанд.

Ҳамзамон вай афзуд, ки Тоҷикистон дар чанд марҳила аз Русия тестҳои зарурӣ дастрас кард.

“Ҳамчунин, дигар таҷҳизоти зарурии ташхис ва маводи яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ бо кумаки бархе шарикони рушд дастрас гардида, баъзе аз ин мавод дар дохили худи ҷумҳуриямон истеҳсол мешавад. Алъон 20 муассиса ба истеҳсоли ниқобу хилъатҳои яккаратаи тиббӣ машғул аст”. Илова кард Олимзод.

Вазири тандурустӣ бори дигар таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир, бо супориши вазорат ва ситоди назди он амалкунанда ҳама муассисаҳо, новобаста аз шакли идора ва моликият, кормандони худро бо маводи яккаратаи тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин менамоянд.

419
Барчаспҳо:
тандурустӣ, ҷавоб, хона, манотиқ, Тоҷикистон

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

69
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

69
Вспышка коронавируса в Китае

Associated Press:: Чин додани маълумот оид ба коронавирусро ба СҶБ рад кард

112
(Таҷдидшуда 01:10 04.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар нахустин лаҳазот аз мақомоти Чин дар бораи паҳншавии коронавирус ва ҳолати беморон маълумот гирифта натавонист

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар оғози авҷи шиддати нави коронавирус, Чин пешниҳоди иттилооти муҳимро дар бораи ин беморӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қасдан таъхир кард, хабар додаастхабар медиҳад Associated Press бо истинод ба сабти гуфтугӯҳои дохилии ТУТ.

Мушкилот бахусус дар ҳафтаи аввали моҳи январ шадид буд.

"Онҳо (мақомоти Чин - таҳрир.) онро (маълумот - таҳрир) ба мо 15 дақиқа пеш аз он ки он дар (телевизиони чинӣ – таҳрири) CCTV пайдо шавад, доданд",- гуфт Годен Галеа намояндаи ТУТ дар Чин, дар як маҷлиси дохилӣ.

Дар ҷаласаи дигари ТУТ, эпидемиолог Мария ван Керчов қайд кард, ки ин ташкилот ҳадди аққали маълумот дар бораи коронавирус ва сар задани беморӣ дорад. Аз ҷумла, дар бораи шумораи мубталоён ва ҳолати онҳо маълумоте набуд.

Вобаста ба вазъ дар миёнаи моҳ, намояндаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода  Майкл Райан пешниҳод намуд, ки ба Чин фишор оварда шавад, то такрори вазъияти соли 2002 ҳангоми сар задани синдроми шадиди роҳи нафаскашӣ (SARS) пешгирӣ карда шавад.

"Дақиқ  ҳамон сенарияи пешина, талошҳои бепоён барои дарёфти иттилоъ аз Чин, ки чи рух дода итсиодааст", гуфт ӯ.

Associated Press ҳамчунин қайд мекунад, ки дар аввал, Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ маълумот дар бораи геноми коронавирус, ки аз ҷониби якчанд лабораторияҳои ҳукумат рамзкушоӣ  карда шудаанд, пешниҳод накардааст.

Қаблан низ Доналд Тарам, президенти Амрико Чинро дар маҳфуз нигоҳ доштани иттилоъ дар бораи коронавирус муттаҳам карда, гуфт, агар маълум шавад, ки Пекин "дидаю дониста" маълумоти марбут ба коронавирусро пинҳон кардааст, Чин "ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ин вируси хатарнокро пеш аз пандемия дар Чин метавонист қатъ кард, аммо ҳоло тамоми ҷаҳон аз он дар азоб аст.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд.

Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд.

Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус қариб  дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

Бар пояи оморҳо ахир, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 6,46 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 382 ҳазор бемор аз сироят вафот карданд.

112