Созмони ҷаҳонии беҳдошт: ниқобҳо метавонанд хатари сирояти коронавирусро зиёд кунанд

1359
(Таҷдидшуда 15:32 13.04.2020)
Мелита Вуйнович, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдош дар Русия гуфт, дар ин ҳолат ниқобҳо аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ниқобҳои тиббӣ метавонанд хатари гирифтор шудан ба намуди нави коронавируси COVID-19-ро зиёд кунанд, гуфт, Мелита Вуинович, сухангӯи СУТ дар Федератсияи Русия дар шабакаи телевизиони "Россия-1".

Вуйнович гуфт, ҳангоми истифодаи ниқоб, ҳушёририи  шахс суст шуда, метавонад  дигар чораҳои эҳтиётиро сарфи назар намояд. Дар ин ҳолат, хатари сирояти коронавирус якчанд маротиба меафзояд, гуфт ӯ.

"Аслан ниқоб зарар надорад. Зарар дар он аст, ки одамон метавонанд рафтори худро тағйир диҳанд",- гуфт сухангӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

"Агар шумо танҳо ниқоб пӯшед ва ҳама чизи дигарро тарк кунед - масофаро нигоҳ надоред, дастатонро нашӯед - аниқ бемор мешавед. Масофаи ҷисмонӣ бештар аз ниқоб аз сироят муҳофизат мекунад ”,- гуфт Вуйнович.

Намояндаи ТУТ қайд кард, ки танҳо бояд ниқоби хушкро истифода кард ва ҳар ду соат онро иваз кард, то ки манбаи сироят нашавед.

Тибқи омори ахир, 13 апрел дар Русия 18 ҳазору 328 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 148 нафар аз ин беморӣ вафот карданд ва 1470 нафар бемор шифо ёфтанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

 

 

1359
Барчаспҳо:
сироят, саломатӣ, вирус, ТУТ

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 57 ҳазор нафар гузашт

6
(Таҷдидшуда 18:59 24.01.2021)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе гуфт, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 945 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  аз ин теъдод 437 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд.

Маҷмӯи беморони COVID-19 дар кишвар ба як миллиону 372 ҳазору 977 нафар расидааст.

Лорӣ ҳамчунин бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта 89 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард, ки маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 383 нафар расидааст.

То кунун як миллиону 164 ҳазору 794 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххасӣ шудаанд, таъкид намудааст ин мақомдори умури беҳдоштии Эрон.

Шумори афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 99 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 71 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтанд.

6
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, вируси корона, вируси нав, Эрон
Сотрудницы в физико-химической лаборатории, архивное фото

Эълони омори фавт, гирифторӣ ва шифо аз COVID - 19 дар Русия

68
(Таҷдидшуда 16:07 24.01.2021)
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар 24 соати гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст. 10,9 дарсад бидуни нишона аст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 3 719 400 расид.

Манбаъ афзуда, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 22 445 мариз шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 3 131 760 баробар шуд.

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 491 кас қурбони COVID-19 шуд. Ин нишондод дар Маскав — 74, Санкт-Петербург — 61, вилояти Маскав — 37 кас.

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 69 462 кас аз ин беморӣ ҷон аз даст дод.

68
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Русия, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон