Тест-системы для диагностики нового коронавируса

“Ҳама зиндаем”: овозаву ҳақиқати хонаводаи Шодиевҳо дар Ҷаббор Расулов

3137
(Таҷдидшуда 20:46 13.04.2020)
Писари Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини 60 – солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тахмин мешуд, аз гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” фавтидааст, мегӯяд, тайи 9 рӯзи қарантина дар ҳеҷ яке аз онҳо нишонае аз ину он маризӣ ошкор нашудааст

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Ин хонавода вақте дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҳам овозаву дарвозаҳо қарор гирифт, ки падари хонадон 1 апрел фавтид ва дар пайи марги ӯ 11 табибу парастори шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва тамоми узви хонаводаи ӯ бо қарантина фаро гирифта шуданд.

Ошкор шудани аломатҳои гуногуни маризӣ, аз қабили дарду гулӯву сар ва тасфи баланд дар табибону парастороне, ки Шодиевро таҳти муолиҷа гирифта буданд, мақомотро водор кард, онҳоро ба Хуҷанд бурда, қарантина кунанд. Ҳамчунин аъзои оилаи ӯ ба табобатгоҳи Ғулакандози ин ноҳия интиқол ёфтанд.

Марге, ки тамоми Тоҷикистонро ба ташвиш овард

11 апрел Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методистони шӯъбаи маорифи ноҳия, ҳамкори Абдуҷалил Тошев, раиси ин шӯъбаи маориф ва бародари Ҳабибуллоҳ Шодиев, низ бо ташхиси “ишемияи дил” фавтид. Ҳамчунин ин овозаҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов афтодаанд, ки чор узви оилаи Шодиев аз “вируси тоҷдор” фавтидаанд. Ин иттифоқот даст ба дасти ҳам дода, ин андешаро ба вуҷуд оварданд, ки “вируси тоҷдор” ба Тоҷикистон омада, аммо мақомот рӯи он парда меафкананд.

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода, писари Ҳабибуллоҳ Шодиев, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нахуст дар бораи вазъи саломатии наздиконаш, ки бо иттифоқи ӯ дар қарантина қарор доранд, сӯҳбат кард.

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Вақте падар гузаштанд, чор рӯз пас бародарашон, амакам Абдуҷалил Шодиев тасф бароварданд. Пизишкон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамаи моро қарантина кунанд. 5 апрел ҳамаи аъзои оилаи мо иборат аз 18 нафар – шуруъ аз модарам то кӯдаки 1 солу семоҳаи бародарамро ба табобатгоҳи Ғӯлакандоз оварда, хобонданд. Ростӣ, ҳама шок шуда будем. Аммо Худоро шукр, имрӯз 9 – ум рӯзи қарантинаи мо аст, аммо ҳеҷ яке аз мо ҳатто тасф накардааст. Ҳоло дар чор утоқи табобатгоҳ ҷойгир шудаем. Вазъи ҳамаамон муътадил аст.

Овоза кардаанд, ки моро 14 рӯз пас гӯр мекунанд

Sputnik Тоҷикистон: Оё аз овозаву дарвозаҳое, ки дар бораатон ҳаст, хабар доред?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Бале, ба мо хешовандону ошноҳоямон занг зада, мегӯянд, ки дар берун дар бораи мо чӣ мегӯянд. Масалан, овоза кардаанд, ки модарам, ман, додарам ва ҷиянам, чор нафар гузаштаанд. Гуфтаанд, ки ҳамаи моро ях кунонда мондаанду баъди 14 рӯз бароварда, гӯр мекардаанд. Ман ба ҳама посух додам, ки Худоро шукр, ваъамон хуб аст, ҳама зиндаем. Дили кас сиёҳ мешавад аз ин овозаҳо, аммо ин ки мардум моро ёд мекунанду аз ҳоламон мепурсанд, дили моро ба зиндагӣ ва одамгарии ҳамватанонамон гарм мекунад.

Sputnik Тоҷикистон: Бо падаратон чӣ шуда буд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Аз он рӯз, ки он кас бистарӣ шуданд, то дами марг ман ҳамроҳи он кас будам. Ҳеҷ аз сари болинашон дур нарафтаам. Он кас кор дар саҳроро дӯст медоштанд. Оби хунук хӯрда буданд ва ҷигарашонро шамол зада буд. Тахминан рӯзҳои Наврӯз буд, ки аввал гулӯяшон дард кард. Мо фикр кардем, ки зуком шудаанд. Чанд рӯз дар хона муолиҷа кардем, ки вазъашон хуб нашуд. Рӯзи 28 март ба шифохонаи марказии ноҳия бурдем. Он ҷо ташхис карданд, ки пневмония ҳастанд, боз пневмонияи дутарафа, яъне вазнинаш.

Ба қавли пизишкон, нишонаҳои ин маризӣ бо “вируси тоҷдор” монанд будааст. Аз ин хотир, ташхисҳои он касро ду маротиба ба вилоят ва аз он ҷо ба Душанбе фиристоданд. 1 апрел бояд ҷавобашро мегирифтем, ки субҳи барвақт падарам даргузаштанд. Духтурон рухсат надоданд, ки он касро барем. Гуфтанд, ки то омадани посухи таҳлил мунтазир мешавем. Соати 7 – и субҳ ҷавоб омад. Духтурон гуфтанд, ки ташхиси дуюм ҳам манфӣ баромадааст, аз ин хотир, метавонед падаратонро бурда, гӯру чӯб кунед.

Sputnik Тоҷикистон: Оё он кас ба Қирғизистон сафар карда буданд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ҳеҷ як аз 18 узви оилаи мо умуман ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қирғизистону Ӯзбекистон сафар накардаем. Танҳо худам соли гузашта чор моҳ дар Русия будам ва 1 ноябри соли 2019 аз он ҷо баргаштаам. Sputnik Тоҷикистон: Падаратонро ҷое 59, ҷое 60-сола зикр карданд. Дақиқан синнашон чанд буд? Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Агар умр вафо мекард, он кас ҳамин 10 апрел синни 59 – ро пур карда, ба 60 қадам мемонданд.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъи модаратон чӣ тур аст? Мегӯянд, ки он кас ҳам аз дарди дил ранҷ мебаранд ва вазъашон хуб нест...

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Модарам қабл аз падарам дар беморхона бистарӣ шуда буданд, чун маризии дил доранд. Он касро қабл аз падар ба шӯъбаи дили шифохонаи ноҳия оварда будем. Як рӯз пеш аз падар аз шифохона рухсат шуда буданд. Аммо марги падар барояшон сахт тамом мешавад. Чун ҳарду дар як рӯзу як сол таваллуд шуда, як зиндагии оддиву хушбахтона доштанд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо хонаводаи Шумо чӣ робита дошт?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Худо раҳматашон кунад, он кас ҳамкори амакам – Абдуҷалил Шодиев дар шуъбаи маориф буданд. Бо оилаи мо равуо ё хешутаборӣ надоштанд. Он кас дар деҳаи Зарафшон, собиқ “Партсъезд” – и ҷамоати “Сомониён” зиндагӣ мекарданд.

Дар бораи қарантина ва шароити хизматрасонӣ

Sputnik Тоҷикистон: Оё Шуморо дар қарантина чӣ тур нигоҳубин мекунанд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ҳар рӯз ду маротиба – саҳар ва баъди зуҳр - аз Хадамоти беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (СЭС) - и вилояту ноҳия ба хабаргирии мо омада, бо вазъи мо ошно мешаванд. Кормандони худи табобатгоҳ низ ҳар рӯз ду – се маротиба ҳарорати моро санҷида, ҳисобот медиҳанд. Як бор худи муовини вазири тандурустӣ моро хабар гирифта, бо ҳар яки мо сӯҳбат карданд ва рафтанд. Се вақт хӯрок медиҳанд. Ҳар рӯз болопӯшҳои ҷойгаҳамонро иваз мекунанд.

Мо аз ҳама, аз тамизкор (санитарка) - и одӣ сар карда, то табибу сартабибу кормандони ҳукумати ноҳияву шӯъбаҳои тандурустии ноҳияву вилояту вазорати тандурустии кишвар миннатдорем. Илоҳо, барака ёбанд.

Sputnik Тоҷикистон: То анҷоми қарантинаи шумо ҳоло 5 рӯзи дигар аст. Ташвиш надоред?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ташвиш ку дорем, аммо ҳамоно ба Худо таваккал мекунем ва аз мардуми Тоҷикистон дуо металабем. Худо ҳамаи моро ҳифз кунад.

3137
Барчаспҳо:
Ҷаббор Расулов, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)

Шифои 119 ҳазор нафар аз коронавирус дар Эрон

110
(Таҷдидшуда 18:58 31.05.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 118 ҳазору 848 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишварро ироа намуд.

Дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 516 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд, хабар дод "Парстудей" аз қавли Ҷаҳонпур.

Ҷаҳонпур афзудаст, ки аз байни мубталоёни ҷадид, 511 маврид бистарӣ ва 2 ҳазору 5 бемор ба сурати сарпоӣ хадамотрасонӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 151 ҳазору 466 нафар расид.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 63 бемор дар 24 соати гузашта гуфтаст, фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 7797 нафар расидааст.

Дар ҷаҳон то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

110

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

202
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба маризии коронавирус омори нав нашр намуд. Бар тибқи маълумоти вазорат шумораи умумии беморон аз 3,5 ҳазор ҳам бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи охир дар Ӯзбекистон 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3554 нафар баробар шудаастнафар аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

202
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Узбакистон
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

69
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

69
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон