Сироятшавии 66 муҳоҷири тоҷик ба COVID - 19 дар Маскав: омори Созмони "Нур"

4534
(Таҷдидшуда 22:45 16.04.2020)
Созмони ҷамъиятии "Нур" аз аъзоёнаш даъват мекунад, ки қоидаҳои қарантинаро қатъиян риоя кунанд ва саломатии худу наздиконашонро дар хатар нагузоранд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Созмони ҷамъиятии "Нур", рӯзи 16 апрел омори гирифторон ба бемории сироятии коронавирус миёни аъзоёни ин ҷамъиятро нашр кард.

Бино бар омори Созмони "Нур", ки  дар саҳифаи расмиашон дар Facebook рӯзи 16 апрел, нашр шудааст, то имрӯз миёни аъзоёни ҷамъияти мазкур, 66 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки то имрӯз, ду нафар аз бемории коронавирус ҷон бохта 66 каси дигар зери назорати табибон қарор доранд. Дар давоми шабонарӯзи гузашта бошад 9 нафар мубталои ин маризӣ шуда, 125 нафар бо гумони гирифторӣ ба COVID - 19 таҳти назорат қарор доранд ва шахсияти 220 нафаре ҳам, ки бо нафарони бемор дар алоқа будаанд, муайян карда шудааст.

Як муҳоҷир 206 сохтмончиро дар Русия сироят кард

Карамшо Мамаднасимов раиси созмони ҷамъиятии "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки мақсади аслии нашри ин омор ҳушдор додан ба аъзоёни ҷамъияти "Нур" мебошад, то нисбати саломатии худ бетараф набошанд.

Дастгирии муҳоҷирон: созмони "Нур" ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд

"Мо мехоҳем аъзоёни ҷамъияти "Нур" ҷиддӣ будани авзоъи имрӯзаи Маскавро хуб дарк кунанд. Онҳо набояд ҷони худ ва наздикони худро дар хатар гузоранд. Маҳз ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ин оморро нашр кунем", - гуфт Мамаднасимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ногуфта намонад, ки ҳамарӯза ризокорони созмони "Нур" - пизишкони касбӣ бо аъзоёни ҷамъият дар тамос ҳастанд.

Бино бар омори ситоди фаврӣ, дар давоми 24 соат дар пойтахти Русия беш аз 1,3 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумора умумии мубталоёни вирус дар пойтахти Русия ба 16,1 ҳазор нафар расид.

Ҳамин тавр, то рӯзи 16 апрел дар ҳудуди Русия 27 938 кас гирифтори коронавирус шуд. Ин беморӣ сокинони 84 минтақаи Русияро ба доми худ кашид.

Ситоди фаврӣ хабар медиҳад, ки то имрӯз дар Русия аз бемории COVID - 19, 232 нафар ҷон бохтааст. Дар баробари ин пизишкон тавонистанд, беш аз 2,3 ҳазор беморро табобат кунанд.

4534
Барчаспҳо:
гирифторон, марг, вируси нав, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

1225
(Таҷдидшуда 18:26 03.06.2020)
Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 сабт шуд. То соати 17:30-и  3 июн  дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистоно 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта 91 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус сабт шудааст, ки нисбат ба рӯзи 2 июн 4 ҳолат бештар мебошад. 

Ҳамчунин бино ба гузориши Вазорат дирӯз дар кишвар як кас аз бемории корона фавтидааст.

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки ҳоло дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

1225
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

616
(Таҷдидшуда 14:36 03.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори таби баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии таб будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

616
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон