президент Таджикистана Эмомали Рахмон

"Ҳамсарам мемирад...": имдодхоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон аз президент

6702
(Таҷдидшуда 19:16 18.04.2020)
Ҳудуди 90 шаҳрванди Тоҷикистон зимни як нома аз президенти Тоҷикистон хостори интиқоли ҳар чи зуди худ аз Ҳинд ба ватан шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Яке аз онҳо Абдуқаҳҳор Садриддинов, сокини шаҳри Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 8 моҳи март ҷиҳати тадовии ҳамсараш ба Деҳлӣ омада, аз рӯзи 20 март ба ин сӯ банд мондааст.

"Ҳамсарам гирифтори саратони шадид аст, вазъаш рӯз то рӯз вахим мешавад ва ҳоло ман лаҳзашуморӣ мекунам. Метарсам, ки дар ин ғурбат, ҷое, ки ба ҷуз чун мо чанд тоҷики саргардони дигар, каси дигаре надорем, бимирад. Ман аз Ҷаноби Олӣ илтимос мекунам, ки моро аз ин шаҳр ба ватан баргардонад", - гуфт Абдуқаҳҳор Садриддинов.

Дар номае, ки Абдуқаҳҳор Садриддинов дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт ва унвонии президенти Тоҷикистон навишта шудааст, омада, ки бо сабаби қатъ гардидани тамоми парвозҳои байналмиллалӣ аз сӯи Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз 20 марти 2020 ба ин сӯ дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.

"Мо дар якчанд шаҳри Ҳиндустон қарор дорем. Аксаран ононем, ки барои муолиҷа ва ҷарроҳӣ ба Ҳиндустон омада, дар ҳолати ногувор афтодаем. Қариб як моҳ мешавад, ки ба сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Ҳиндустон тариқи васоити ахбори умум аз вазъи ногуворамон хабар медиҳем ва имдод металабем ва онҳо моро дастгирӣ мекунанд", - омадааст дар нома.

Аз миёни 35 нафаре, ки зери нома имзо гузоштаанд, 11 нафар бо иттифоқи наздикони худ барои муолиҷа ва ҷарроҳӣ ба Ҳинд рафтаанд ва ба қавли Абдуқаҳҳор Садриддинов, ҳанӯз аз нисф зиёди дармондагон ба ин далел, ки замони навиштани нома ба президент ҳузур надоштанд, дар ин феҳрист сабт нашудаанд.

Ин дармондагон менависанд, вазъашон рӯз аз рӯз бад мешавад ва шароити беҳдоштии бехатар надоранд.

"Дар байни мо марду занҳои калонсол ва бемороне қарор доранд, ки касалии қанду фишори хун ва саратони дараҷаи вазнин доранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ҷарроҳии сар, гурда, дил, чашмро гузашта, аз вазъи ногувори баьди ҷарроҳӣ ҳолашон рӯз то рӯз вазнин мешавад. Кӯдакони хурдсол, донишҷӯён низ ҳастанд. Аксари онҳо бе маблағ монда, ҷойи зист надоранд. Аз эҳтимол дур нест, ки мо низ ба бемории COVID-19 гирифтор шавем, зеро шумораи гирифторони ин беморӣ дар Ҳиндустон рӯз то рӯз зиёд мешавад. Вазъи саломатии моро ҳеҷ кас муоина ва пайгирӣ намекунад", - омадааст дар нома.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то имрӯз дар Ҳиндустон 14 ҳазору 425 нафар (73 мавриди ҷадид дар як рӯз) гирифтори "вируси корона" шуда, 488 нафар (2 мавриди ҷадид) ҳам фавтидаанд.

Дармондагони тоҷик дар ин кишвар дар мактуби худ мепурсанд, ки чӣ кор кунанд ва ба куҷо раванд ва аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ба Ватан баргардонад ва дасти кӯмаки худро дароз кунад.

"Таърих исбот кардааст, ки дар рӯзҳои сангинтарини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шумо нисбати халқи тоҷик бетарафӣ зоҳир накарда, то охирин муҳоҷири аз Ватан берунбударо ба Тоҷикистони азиз баргардонидед. Бино бар ин, боварии комил дорем, ки нисбати мо, ғарибони аз Ватан берунмонда ғамхории худро дареғ намедоред ва ба доди мо ҳарчӣ зудтар мерасед", - омадааст дар мактуби онҳо.

Қаблан ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия банд мондаанд, низ зимни як нома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори расидагӣ ба мушкилашон шуда буданд. Мушкили онҳо низ айнан чизест, ки дармондагони Ҳинд тасвир кардаанд.

Қаблан вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа хоста буд, ки ба мушкилоти шаҳрвандони кишвар расидагӣ кунанд.

Тоҷикистон аз 18 марти соли равон дарвозаҳои ҳавоиашро ба рӯи кишварҳои ҷаҳон баст. Истисно Русия буд, ки ин масир низ то охири моҳи гузашта баста шуд. Дар навбати худ кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустону Туркия низ парвози тайёраҳо аз масирҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд.

6702
Барчаспҳо:
президент, муроҷиат, кумак кардан, Тоҷикистон, Ҳиндустон
Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Бидуни фавт: вазорат омори нави гирифторони коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

44
(Таҷдидшуда 19:22 04.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави мубталоёни коронавирус дар кишварро барои имрӯз  4 июн нашр кард

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар давоми шабонарӯзи ахир 98 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумот  то имрӯз 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 4289 нафар расид.

Ҳамзамон, дар давоми як рӯзи охир, табибон тавонистанд 54 беморро табобат кунанд.

Сар аз оғози эълони ин бемори дар кишвар то кунун  2 401 нафар шаҳрвандон шифо ёфтанд.

Инчунин то имрӯз, 1418 сокин дар беморхона таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст,  давоми шабонарӯзи охир аз коронавирус ҳеҷ кас нафавтидааст. Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд ва дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар Тоҷикистон аз бурузи маризии коронавирус ба таври расмӣ 30 - юми апрел хабар доданд.

 

 

44
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

342
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

342
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

0
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъияти феълӣ дар роибта ба авҷи маризии коронавирус, рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.

Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.

Бар  тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
маризон, вазъият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон