Эрону Туркия аз Чин пеш гузаштанд: охирин омори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон

1316
(Таҷдидшуда 11:46 21.04.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт омори охирини гирифторони коронавирус дар миқёси ҷаҳонро нашр кард. Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 2,5 миллион нафар наздик шудааст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.  Бинобар охирин омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расид.

Аз ин теъдод шумори шифоёфтагон ба 647 ҳазору 744 нафар ва фавтидагон ба 170 ҳазору 439 кас баробар шуд. 

То субҳи 21 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон ба 647 ҳазору 744 нафар ва фавтидагон бошад 165 ҳазору 69 тан баробар шудааст.Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 792 ҳазору 913 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 42 ҳазору 517 нафар ва шумораи шифоёфтагон 72 ҳазору 389 касро ташкил медиҳад.Дар Испания шумораи сироятёфтагон 200 ҳазору 210 нафар буда, 20 ҳазору 852 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 80 ҳазору 587 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия 181 ҳазору 228 нафар ба ин беморӣ гирифтор ва 24 ҳазору 114 нафар фавтидаанд. Дар Франсия 155 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 265 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Олмон теъдоди мубталоён 147 ҳазору 65 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 862 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 124 ҳазору 743 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 509 нафар мебошад.

Туркия ва Эрон низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар Бразилия 40 ҳазору 743 нафар, Белгия — 39 ҳазору 983, Канада — 36 ҳазору 829 ва Нидерланд — 33 ҳазору 405 мебошад.

Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 10 484 нафар буда, дар он 103 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 7 265 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 43 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 6 015 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 9 ҳолат.

Дар онҳо коронавирус нест: Вазорат охирин омори қарантиншудагонро дар Тоҷикистон гуфт

Сирояти коронавирус дар кишварҳои дигари арабӣ назири Миср, Ироқ, Қувайт,  Сурия низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ёдовар мешавем Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март  хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда ва он имрӯз дар беш аз 210 давлати ҷаҳон доман паҳн кардааст.

 

1316
Барчаспҳо:
бемор, гирифторон, фавт, вирус, омор, Созмони ҷаҳонии беҳдошт
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (493)
Жители Узбекистана в защитных масках

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазор наздик шуд

50
(Таҷдидшуда 17:09 05.06.2020)
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Узбакистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбакистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

50

Мутахассисони Роспотребнадзор барои мубориза бо COVID-19 боз ба Тоҷикистон меоянд

301
(Таҷдидшуда 14:00 05.06.2020)
Кормандони Роспотребнадзор дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи вокуниши фаврии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Роспотребнадзор ният дорад мутахассисонро барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон фиристад.

Кормандони Роспотребнадзор дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи вокуниши фаврии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард

"Дар ояндаи наздик, мутахассисони Роспотребнадзор боз барои кор ба ҳайси як гурӯҳи байналмилалии коршиносоне, ки аз ҷониби ТУТ таъсис дода шудаанд, барои кор ба ҷониби Тоҷикистон дар ташхиси лабораторӣ, назорати эпидемиологӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар коронавирус кӯмак мерасонанд", гуфт хадамоти матбуот.

Гуфта мешавад, фиристодаҳои Роспотребнадзор дар ҳайати ТУТ ба ҷониби Тоҷикистон дар ташхиси лабораторӣ, назорати эпидемиологӣ ва таҳқиқоти илмии коронавирус кӯмак хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, мутахассисони Роспотребнадзор алакай аввали моҳи май ба Тоҷикистон омада,  вазъи эпидемияи кишвар, тадбирҳои вокуниш ва иқтидори лабораториро арзёбӣ карданд.

 Ғайр аз он, коршиносони рус ба кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон тавсияҳо оид ба мубориза бо коронавирус пешниҳод карданд.

Қайд карда мешавад, ки Роспотребнадзор ва ТУТ кори худро дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус якҷоя идома медиҳанд.

Махсусан, дар доираи Шабакаи Глобалии Огоҳкунӣ ва Амалҳои ҷавобӣ (GOARN), агентӣ дар ташкили гурӯҳҳои вокуниши фаврӣ барои расонидани кӯмак ба кишварҳои бештар зарардида ширкат мекунад.

Тибқи маълумот  то 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар Тоҷикистон ба 4289 нафар мерасад.

Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар расида, ҳамчунин 2401 нафари дигар табобат ёфтаанд.

 

301
Портфель с документами, архивное фото

“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

0
(Таҷдидшуда 17:34 05.06.2020)
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ӯ ба Душанбе рафтааст.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

0